< Тоҷикистон дар Бозиҳои кӯчманчиён дар Қирғизистон 5 медал ба даст овард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон дар Бозиҳои кӯчманчиён дар Қирғизистон 5 медал ба даст овард

Тоҷикистон дар Бозиҳои кӯчманчиён дар Қирғизистон 5 медал ба даст овард
Бозиҳои кӯчманчиён

Дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқот, ки аз 31-уми август то 6-уми сентябр дар Қирғизистон баргузор шуд ду медали тилло ва се биринҷӣ ба даст овард. 

Тими Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 56 варзишгар намояндагӣ карда, дар 17 навъи варзиш иштирок ва дар ҳисоби умумӣ зинаи 8-умро касб карданд.

Медалҳои тиллоро барои тими Тоҷикистон Фирдавс Ёриев дар рақобат бо камарбандҳо дар вазни +100 кг ва пойгаи аспдавонӣ дар масофаи 1600 метр (асп бо лақаби Хутулун) ба даст оварданд.

Фирдавс Ёриев. Акс аз Кумитаи тадорукоти Бозиҳо
Медалҳои бириҷиро куштигирони зерин дарёфт карданд: 
  • Наврӯз Каримзод дар вазни 84 кг — кураш;
  • Тӯчибой Норқулов (90 кг) —  аспдавонӣ;
  • Наврӯз Эшбеков (100 кг) — аспдавонӣ.
Наврӯз Каримзод — аз рост дуюм. Акс аз Кумитаи тадорукоти Бозиҳо

Зинаҳои аввалро дар ҳисоби умумӣ, тимҳои Қазоқистон (32 тилло, 20 — нуқра ва 22-биринҷӣ), Қирғизистон (30-35-19) ва Русия (7-7-19) касб карданд.
Ин мусобиқот тақрибан се ҳазор варзишгарро аз 109 кишвар гирдиҳам овард. Маросими ифтитоҳ дар «Бишкек Арена"-и баргузор шуд, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам ширкат дошт.

Тӯйчибой Норқулов ва Наврӯз Эшбеков.  Акс аз Кумитаи тадорукоти Бозиҳо

Ба сурати умум, дар Бозиҳо, варзишгарон барои дарёфти  115 медали тилло, 114 медали нуқра ва 144 медали биринҷӣ рақобат карданд.
                
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий