Дар се соли оянда беш аз ҳазор нуқтаи нерӯдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ дар кишвар ба кор медарояд
Тибқи марҳалаи дуввуми нақшаи «Барномаи рушди нақлиёт Тоҷикистон барои давраи солҳои 2023-2028», дар се соли оянда дар кишвар 1,1 ҳазор нуқтаи нави нерӯдиҳӣ барои мошинҳои барқӣ сохта мешавад. Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, ҳоло ҷои насби дастгоҳҳои нерӯдиҳӣ дар тамоми кишвар маълум шуда, онҳо давоми солҳои 2026-2028 насб карда мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, аксари иншоот — 555 адад дар Душанбе сохта мешавад:
Ҳамчунин, дар се соли оянда харидорӣ ва ба кор даровардани 210 автобус — ҳар сол 70 адад ба нақша гирифта шудааст. Барои амалисозии ин лоиҳа 714 млн 280 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳозир дар Душанбе 60 автобуси барқӣ (электробус)-и ширкати «AKIA ULTRA» кор мекунанд.

Автобусҳои барқӣ дар Душанбе. Акс аз шабакаи Телеграм шаҳдори пойтахт Такя ба бахши хусусӣ
Арзиши умумии марҳилаи дуюми рушди нақлиёти барқӣ 888 млн 48 ҳазор сомонӣ (тақрибан 95 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Қисми асосии маблағҳо бояд аз ҳисоби бахши хусусӣ ҷалб карда шаванд: 782 млн 60 ҳазор сомонӣ. Ҷалби боз 105 млн 988 ҳазор сомонӣ аз шарикони рушд ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҷуз нуқтаҳои нерӯдиҳӣ, дар нақша рушди зерсохтори хидматрасонӣ барои мошинҳои барқӣ низ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар Душанбе ду маркази хидматрасонии BYD фаъолият мекунанд ва дар доираи марҳилаи нави барнома роҳандозии корӣ боз 10 нуқтаи махсуси хидматрасонӣ дар назар аст.
Бо «аккумулятор"-ҳо чӣ мешавад?Самти алоҳидаи барнома — таъсиси низоми коркарди батареяҳои истифодашудаи «аккумулятор"-ҳо мебошад.
Мақомот ният доранд, ки дар минтақаҳо ҷойҳои ҷойгиркунии иншоот барои ҷамъоварии батареяҳоро муайян намуда, инчунин технологияҳои безарари нобудсозӣ ва истифодаи дубораи онҳоро таҳия кунанд.
Дар Вазорати нақлиёт таъкид доштанд, ки рушди нақлиёти барқӣ на танҳо хариди мошинҳои барқӣ ва автобусҳои барқӣ, балки таъсиси зерсохтори зарурӣ — нуқтаҳои нерӯдиҳӣ, хидматрасониҳо ва низоми кор бо аккумуляторҳоро низ дар бар мегирад.
Сарчашма: asiaplus.news
Тибқи иттилои манбаъ, аксари иншоот — 555 адад дар Душанбе сохта мешавад:
- Вилояти Суғд — 200;
- Вилояти Хатлон — 200;
- Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 110;
- ВМКБ — 35.
Ҳамчунин, дар се соли оянда харидорӣ ва ба кор даровардани 210 автобус — ҳар сол 70 адад ба нақша гирифта шудааст. Барои амалисозии ин лоиҳа 714 млн 280 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳозир дар Душанбе 60 автобуси барқӣ (электробус)-и ширкати «AKIA ULTRA» кор мекунанд.

Арзиши умумии марҳилаи дуюми рушди нақлиёти барқӣ 888 млн 48 ҳазор сомонӣ (тақрибан 95 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Қисми асосии маблағҳо бояд аз ҳисоби бахши хусусӣ ҷалб карда шаванд: 782 млн 60 ҳазор сомонӣ. Ҷалби боз 105 млн 988 ҳазор сомонӣ аз шарикони рушд ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҷуз нуқтаҳои нерӯдиҳӣ, дар нақша рушди зерсохтори хидматрасонӣ барои мошинҳои барқӣ низ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар Душанбе ду маркази хидматрасонии BYD фаъолият мекунанд ва дар доираи марҳилаи нави барнома роҳандозии корӣ боз 10 нуқтаи махсуси хидматрасонӣ дар назар аст.
Бо «аккумулятор"-ҳо чӣ мешавад?Самти алоҳидаи барнома — таъсиси низоми коркарди батареяҳои истифодашудаи «аккумулятор"-ҳо мебошад.
Мақомот ният доранд, ки дар минтақаҳо ҷойҳои ҷойгиркунии иншоот барои ҷамъоварии батареяҳоро муайян намуда, инчунин технологияҳои безарари нобудсозӣ ва истифодаи дубораи онҳоро таҳия кунанд.
Дар Вазорати нақлиёт таъкид доштанд, ки рушди нақлиёти барқӣ на танҳо хариди мошинҳои барқӣ ва автобусҳои барқӣ, балки таъсиси зерсохтори зарурӣ — нуқтаҳои нерӯдиҳӣ, хидматрасониҳо ва низоми кор бо аккумуляторҳоро низ дар бар мегирад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)