< Се сокини Панҷакент барои қочоқи “ҳашиш” ва “афюн” то 22 сол зиндонӣ шудаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Се сокини Панҷакент барои қочоқи “ҳашиш” ва “афюн” то 22 сол зиндонӣ шудаанд

Се сокини Панҷакент барои қочоқи “ҳашиш” ва “афюн” то 22 сол зиндонӣ шудаанд
Додгоҳи вилояти Суғд се сокини ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷекатро ба муомилот ва қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста, онҳоро ба 14 то 22 соли зиндон маҳкум кардааст. Дар ин бора, дар «Милитсия хабар медиҳад», барномаи расмии ВКД Тоҷикистон зикр мешавад. 

Манбаъ гуфтааст, ки  мақомот дар моҳи май-июни имсол аз онҳо 76 кг маводи мухаддири навъи «ҳашиш» ва «афюн» дарёфту мусодира кардаанд. Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манлбеи дигар ғайриимкон аст.
Мақомоти Суғд бе ироаи ҷузъиёти бештар аз муҷозотшудаҳо, Иноқбек Буриеви 34-сола, Абусамад Расулови 44-сола ва Ҷамшед Хушматови 24 –сола ном бурдаанд.

Намогирифт аз гузориши ВКД


Ба қавли манбаъ, маҳкумшудаҳо бар асоси иттиҳоми «муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор…» (моддаи 200, қисми 4-и КҶ) , «қочоқ» (моддаи 289, қисми 3-и КҶ) ва «шарикони ҷиноят» (моддаи 36, қисми 2-и КҶ) муттаҳам дониста шуданд.

                                                                    
Бо ҳукми додгоҳ Иноқбек Буриев ба муҳлати 22 сол, Абусамад Расулов ба муддати 21 сол ва Ҷамшед Хушматов ба муҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Муҳлати ҷазоро маҳкумшудаҳо дар калонияҳои низомаш сахт адо хоҳанд кард.                                                              

Назари маҳкумшудаҳо ва пайвандони онҳо дар робита ба ин қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

Бояд гуфт, ки аввали имсол ду сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент барои қоҷоқи 44 кг маводи мухаддир 16 ва 19 сол равонаи зиндон шуда буданд. Мақомот гуфта буданд, ки онҳо мехостанд тавассути сарҳади Тоҷикистон, 44 кг маводи мухадирро ба  Ӯзбекистон интиқол диҳанд.

Тибқи иттилои расмӣ, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 2 тоннаву 963 килограмм маводи нашъадор мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2025-ум 143 килограмм (5%) камтар аст.


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий