< Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад

Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
​Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба таъсиси Беморхонаи миллии кӯдакона, таҳияи Шабакаи озмоишгоҳҳои минтақавӣ оид ба муқовимати зиддимикробӣ, сохтмон ва бо дастгоҳу лавозимоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонидани Маркази миллии онкологӣ мубодилаи афкор намуданд.

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд барои густариши ҳамкорӣ ва дастгирии иқдому нақшаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳори  ҳавасмандӣ намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони аслӣ дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла амалисозии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар боло бурдани раванди хизматрасонии тиббӣ нақши муассир дорад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий