Хадамоти гумрук: “Беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор шуд”
Манбаъ навиштааст, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили бордони автомашинаи тамғаи «KIA SEDONA», рақами қайди давлатии 4351WM20 716 баста (блок), дар маҷмуъ 7160 қуттӣ (пачка) маҳсулоти тамоку сигорҳои тамғаи «ESSE CHANGE», ки тибқи навиштаҷоти рӯйи қуттиҳо истеҳсоли Ҷумҳурии Корея мебошанд, бе тамғаи аксизии воридотӣ ошкор ва муайян карда шуданд.
Муайян гардидааст, ки маҳсулоти мазкур бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар муомилот қарор доштааст.
Бо дарназардошти далелҳои ҷамъоваришуда, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳиби мошин Назаров Аҳрориддин Пардаевич ва дигарон бо моддаи 259 иловаи 1 қисми 2 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)