< Тоҷикистон пас аз нақзи ҳарими ҳавоӣ ва кушта шудани як шаҳрвандаш ба Афғонистон нотаи эътирозӣ фиристод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон пас аз нақзи ҳарими ҳавоӣ ва кушта шудани як шаҳрвандаш ба Афғонистон нотаи эътирозӣ фиристод

Тоҷикистон пас аз нақзи ҳарими ҳавоӣ ва кушта шудани як шаҳрвандаш ба Афғонистон нотаи эътирозӣ фиристод
Тоҷикистон дар пайи нақзи ҳарими ҳавоӣ, осеб дидани манзилҳои сокинон ва кушта шудани як шаҳрвандаш дар ноҳияи Дарвоз, ба ҷониби Афғонистон ёддошт ё нотаи эътирозӣ фиристодааст. Дар ин бора Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба «Азия-Плюс» хабар доданд.

Аз ин ниҳод гуфтанд муноқишаҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои охир дар минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Бадахшони Афғонистон, бахусус дар вулусволиҳои ҳаммарз бо ноҳияи Дарвози Тоҷикистон таҳдид ба амнияти минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва нақзи қонунҳои байналмилалиро ба бор овард.
                                    "                                          
«Дар ин робита, бинобар нақзи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон, осеб дидани манзилҳои сокинон ва махсусан ҳалок гардидани як шаҳрванди осоишта дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ба ҷониби Афғонистон ёддошти эътирозӣ ироа гашт», — гуфтанд аз ВКХ Тоикистон.                                         

Акси марбут аз ВКХМанбаъ афзуд, ки дар ёддошт дар баробари баёни эътирозӣ қатъӣ, Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон (аз ҳукумати ҳоким дар ин кишвар, АП) талаб кардааст, ки моҳияти масъаларо ҷиддӣ дарк карда, дахлнопазирии сарҳади давлатии Тоҷикистонро риоя кунад ва барои пешгирии такрори чунин ҳодисаҳо чораҳои муассир андешад.

Аз ВКХ мушаххас нагуфтанд, ки чӣ гуна ҳарими ҳавоии кишвари мо нақз шуда, ба манзили сокинон чӣ тавр осеб расидаст.

Кушта шудани як зани 21-сола дар ноҳияи ДарвозВале дирӯз, як зани 21-сола дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар пайи тирандозӣ аз хоки Афғонистон кушта шудааст. Ҳамчунин, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шудааст, ки суқути як чархбол дар ноҳияи Нусайи Афғонистон ва наздик ба марзи Тоҷикистонро нишон медиҳад. Ба иттилои расонаҳо, ин чархбол ба ҳукумати «Толибон» марбут буда, аз сӯйи нерӯҳои Ҷумъахони Фотеҳ, як фармондеҳи норозии ин гурӯҳ ҳадаф қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, ки дар пайи суқути чархбол 7 сарнишини он ҷон бохтаанд. Ба иттилои расонаҳо, гӯё он афроди захмии «Толибон"-ро интиқол медод.

Аз ҳукумати ноҳияи Дарвоз ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки ҳодисаи кушта шудани зани сокини Дарвоз, тахминан соати 18:40 дақиқаи рӯзи 13-уми август рух дод ва зани ҷонбохта Ҷасминаи Ширинҷон, сокини 21-солаи деҳаи Даштаки Дарвоз аст, ки як кӯдаки хурдсол дорад ва ҳомила ҳам будааст.
                                    "                                          
«Духтар дар дохили хонааш ба корҳои рӯзгор машғул будааст, ки тир аз тиреза ворид шуда, ба ҷигари ӯ расидааст. Духтар дар роҳ ба сӯйи бемористони марказии ноҳия ҷон додааст», — гуфт ҳамсӯҳбати мо.   
                                      
Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз пас аз намози ҷумъа дар зодгоҳаш баргузор мешавад. Падару модараш дар Русия муҳоҷир будаанд, ки ҳоло роҳии Тоҷикистон шудаанд.



Деҳае дар ноҳияи Дарвоз. Акс аз саҳифаи Фейсбуки Хушнуд Раҳматуллоев

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи зани кушташудаДар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаи Жасмина Ятимзода (Ҷасминаи Ширинҷон) ҳамдардӣ баён кардааст.

Раисҷумҳури кишвар, дар пайи ин воқеа, субҳи 14-уми август бо Умедҷон Носирзода, раиси ноҳияи Дарвоз суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳамдардии худро ба оилаи марҳум изҳор доштааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон «барои расонидани кумакҳои моддию маънавӣ ва зери назорат гирифтани ҷараёни тарбияи кӯдаки хӯрдсоли ӯ дастуру супоришҳо доданд». Ба гуфтаи манбаъ, дар робита ба ин воқеа сохторҳои дахлдор тафтишотро оғоз кардаанд.
Даргириҳо миёни «Толибон» ва нерӯҳои ин фармондеҳ норозияшон беш аз се рӯз аст, ки дар ноҳияи Нусайи Афғонистон, ки дар рӯ ба рӯйи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст, ҷараён дорад.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий