< Тоҷикистон бо се кишвар низоми раводидро бекор мекунад. Инҳо кадом кишварҳоянд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистон бо се кишвар низоми раводидро бекор мекунад. Инҳо кадом кишварҳоянд?

Тоҷикистон бо се кишвар низоми раводидро бекор мекунад. Инҳо кадом кишварҳоянд?
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи се созишнома дар бораи бекор кардани талаботи раводид (виза) барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва оддӣ бо Муғулистон, Словакия ва Ҷумҳурии Сейшелро маъқул донистааст.

Тибқи се қарори ҳукумат, ки дар нимаи дуюми моҳи июли соли 2026 қабул шудаааст, вазири корҳои хориҷӣ ваколат гирифтааст, ки ин созишномаҳоро аз номи ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расонад.

Муғулистон — то 30 рӯзНахустин қарор аз рӯзи 17-уми июл ба Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Муғулистон дар бораи мутақобилан бекор кардани талаботи раводид дахл дорад.


                                                                    
Тибқи он, дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматии ду кишвар метавонанд бе раводид то 30 рӯз дар давоми ҳар 180 рӯз ба ҳудуди кишвари якдигар ворид шаванд, аз он убур кунанд ва муваққатан будубош кунанд.                                                              Словакия — то 90 рӯзҚарори дуюм аз рӯзи 27-уми июл ба созишнома бо Ҷумҳурии Словакия марбут аст. Дар ин маврид муҳлат дарозтар аст: дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ метавонанд то 90 рӯз дар давоми ҳар 180 рӯз бераводид ба ин кишвар сафар кунанд.

Азбаски Словакия узви минтақаи Шенген аст, дар созишнома зикр шудааст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон ин 90 рӯз аз рӯзи вуруди аввал ба минтақаи Шенген ҳисоб карда мешавад.

Сейшел — ҳатто бо шиносномаи оддии хориҷӣҚарори сеюм фарқияти ҷиддӣ дорад. Созишнома бо Ҷумҳурии Сейшел на танҳо ба дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ, балки ба дорандагони шиносномаҳои оддии шаҳрвандии хориҷӣ низ дахл мекунад.

Дар матни созишнома, ки 27-уми июл ба имзо расидааст, ёдовар шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аллакай метавонанд бераводид то се моҳ дар як сол ба ҳудуди Сейшел ворид шаванд.
                                                                    
Бояд гуфт, киҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ҳоло дар зинаи лоиҳа қарор доранд. Ҳукумат онҳоро маъқул донист ва ба Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ) супориш дод, ки рӯз ва маҳалли имзои созишномаҳоро бо ҷонибҳои Муғулистон, Словакия ва Сейшел мувофиқа кунад.   
                                                           
 Созишномаҳо пас аз имзо ва иҷрои расмиёти дохилӣ эътибор пайдо мекунанд.

Ин чӣ маъно дорад?Маврид ба ёдоварист, ки бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ амали маъмул дар дипломатия буда, пеш аз ҳама рафтуомади мансабдорону намояндагони расмиро осон мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар солҳои охир Тоҷикистон сиёсати сабуккунии низоми раводидро пеш мебарад. Аз ҷумла, барои шаҳрвандони даҳҳо кишвари ҷаҳон низоми яктарафаи бераводид ҷорӣ шудааст.

Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий