< Дар ним сол қариб 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил ба Ӯзбекистон рафтаанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар ним сол қариб 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил ба Ӯзбекистон рафтаанд

Дар ним сол қариб 2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил ба Ӯзбекистон рафтаанд
Дар шаш моҳи соли равон 1 ҳазору 915 шаҳрванди Тоҷикистон бо мақсади таҳсил ба Ӯзбекистон рафтаанд. Бино ба иттилои  Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон, аз рӯи ин нишондиҳанда, Тоҷикистон дар миёни кишварҳое, ки шаҳрвандонашон барои таҳсил ба Ӯзбекистон меоянд, мақоми сеюмро касб кардааст.

Дар маҷмӯъ, давоми ним сол бо мақсади таҳсил ба Ӯзбекистон 21 ҳазору 42 шаҳрванди хориҷӣ рафтаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11,5 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Омори ӯзбекистониҳое, ки дар ин давра барои таҳсил ба Тоҷикистон омаданд, маълум нест. Вале соли 2025-ум 6039 шаҳрванди Ӯзбекистон бо мақсади таҳсил ба Тоҷикистон омада буданд. Тоҷикистон пас аз Русия дуюмин самти маъмул барои донишҷӯёни ӯзбекистонӣ мебошад.
                
 Ба иттилои Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон, то моҳи августи соли гузашта, 42 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои 42 кишвари дунё таҳсил доранд, ки беш аз 30% онҳоро духтарон ташкил медодаанд. Аз ҳама бештар дар Русия таҳсил мекунанд: беш аз 27 ҳазор. 

Созишномаҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи маориф

Яке аз санадҳое, ки донишҷӯёни ду кишвар метавонанд дардар асоси он таҳсил кунанд, созишномадар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм мебошад, ки рӯзи 9-уми марти соли 2018 ба имзо расидааст. Дар он роҳандозии робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар, табодули омӯзгорон, аспирантон ва донишҷӯён, иштироки донишҷӯён дар барномаҳои таълимӣ ва илмӣ, табодули маводи таълимӣ, баргузории конфронсу олимпиадаҳо ва озмунҳои муштарак, инчунин ҳамкориҳо ҳангоми ҳимояи корҳои дипломӣ ва рисолаҳо пешбинӣ шудааст.

Моҳи августи ҳамон сол, ҳукуматҳои ду кишвар созишномаи алоҳида дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилотро ба имзо расониданд. Он тартиби эътирофи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои давлатии таълимии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дода шудаанд, муқаррар мекунад. 


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий