Лоиқ Раҷабов бо АСА шартномаи ҳамкорӣ баст
"Лоиқ Раҷабов размкори ташкилоти АСА шуд ва дар вазни сабук баромад мекунад. Боварӣ дорем, ки дар мусобиқае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунем, иштирок менамояд. Рақиби ӯ киро дидан мехоҳед?«, — навиштааст Магомед Бибулатов.
Бояд гуфт, ки ташкилоти АСА ният дорад имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа ташкил кунад ва чанде пеш намояндагонаш ба кишвари мо омада буданд.
Ёдовар мешавем, ки Лоиқ Раҷабов то чанде пеш размкори ташкилоти UFC буд ва дар он ҷо чор муҳориба гузаронд, ки ду ғалаба ва ду бохт ба қайд гирифт. Пас аз чор муҳориба UFC бо рамзкори тоҷик шартномаро тамдид накард.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)