< Оид ба ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Оид ба ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Оид ба ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
​Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ хабар медиҳад, дар рӯзи якуми конференсия иштирокчиён аз ёдгории палеолитии Кӯлдара, Қалъаи Лоҳутӣ, ёдгории дайри буддоии Хиштеппа, Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия, Осорхонаи асри санги Ховалинг, Осорхонаи ҷумҳуриявии Восеъ дидан намуда, бо маводи таърихию фарҳангӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва дигар намунаҳои мероси моддию маънавии минтақа шинос шуданд. Масъалаҳои марбут ба ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ, идомаи таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи имконияти мавҷуда барои муаррифии мероси фарҳангии ноҳия мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд.

8 август зимни конференсия масъалаҳои таърихи қадим, асримиёнагӣ ва давраҳои минбаъдаи минтақа, натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ, масъалаҳои омӯзиши мероси фарҳангӣ, инчунин нақшу мақоми Ховалинг дар равандҳои таърихию тамаддунии Осиёи Марказӣ мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтанд.

Зимни мубоҳисаҳо иштирокчиён оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомдода, масъалаҳои мубрами омӯзиши таъриху фарҳанги Ховалинг, зарурати идомаи корҳои бостоншиносӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва густариши ҳамкории илмӣ байни муассисаҳои соҳавӣ баёни андеша намуданд.

Конференсияи байналмилалии илмию назариявии «Ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» дар таҳкими ҳамкории илмӣ, муаррифии дастовардҳои таҳқиқоти таърихию бостоншиносӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи илмӣ ба омӯзиши мероси таърихию фарҳангии Ховалинг ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ аҳамияти муҳим дорад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий