Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, зимни вохӯриҳо бо шаҳрвандони ба Ватан бозгашта масъалаҳои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо дар дохили мамлакат, ҷалб ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дар муассисаҳои таълимии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин омодагӣ пеш аз сафар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба шаҳрвандоне, ки нияти сафар ба Федератсияи Русия доранд, оид ба талаботи нави қонунгузории ин давлат дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тартиби бақайдгирӣ, гирифтани патент, риояи муҳлати будубош, бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Таъкид шуд, ки ҳар муҳоҷири меҳнатӣ пеш аз сафар бояд аз қонунгузории кишвари қабулкунанда дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ пурра огоҳ бошад. Ҳангоми сафар зарур аст, ки шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои тиббӣ, маълумотнома оид ба надоштани бемориҳои сироятӣ, маълумотнома оид ба набудани доғи судӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбро бо худ дошта бошанд.
Тавсия дода шуд, ки пеш аз харидани чиптаи сафар шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии Муассисаи федералии воҳиди давлатии «Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводид"-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар махзани шахсони манъи вуруддошта санҷида, танҳо баъд аз он азми сафар намоянд. Зеро назорат дар сарҳадҳои Федератсияи Русия пурзӯр карда шудааст.
Ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки тибқи талаботи қонунгузории Федератсияи Русия шаҳрвандони хориҷӣ пас аз гирифтани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) вазифадоранд дар муҳлати ду моҳ ба мақомоти дахлдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо маълумот пешниҳод намоянд.
Ин маълумотро метавон тавассути хизматрасонии давлатии «Почта Россия», портали ягонаи давлатии «Госуслуги» ё бо ҳозир шудан ба Муассисаи давлатии федералии буҷетии «Маркази хизматрасонии шиносномаву виза"-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар маҳалли фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла барои шаҳри Москва ва вилояти он дар маркази «Сахарово» пешниҳод намуд.
Ҳамчунин зимни суҳбатҳо ба масъалаҳои пешгирии дохилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба савдои одамон ва риояи қонунгузории давлати иқомат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки дар ҳолати риоя накардани талаботи қонунгузории Федератсияи Русия шаҳрванди хориҷӣ метавонад вазъи ҳуқуқияшро аз даст дода, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти меҳнатии ӯ ба таври худкор бекор гарданд ва номаш ба Феҳристи шахсони назоратшаванда ворид карда шавад.
Дар анҷоми вохӯриҳо ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва тавсияномаҳои Хадамоти муҳоҷират тақсим карда шуданд.
Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон хотиррасон мекунад, ки барои гирифтани машварат ва маълумоти зарурӣ метавонанд ба телефони боварии фаврии хадамот — 900-80-08-00 занг зананд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)