< Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид

Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ байни варзишгарони ҷавони то 17-сола дар пойтахти Озарбойҷон бо иштироки қариб 700 варзишгари наврас аз 60 давлат оғоз шуд, ки то 2 август идома хоҳад кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Нуриддин Алланазаров панҷ варзишгар дохил буд: Умар Мухторов дар вазни то 55 кг, Маҳдӣ Баротов дар вазни то 60 кг, Бахтовар Примқулов дар вазни то 65 кг, Маҳдӣ Азизбоев дар вазни то 71 кг ва Ғаниҷони Шероз дар вазни то 80 кг. Аз байни онҳо танҳо Маҳдӣ Баротов соҳиби медал гардид. Ин паҳлавони ҷавони тоҷик дар рақобатҳо дар вазни то 60 кг чаҳор қувваозмоӣ анҷом дода, дар сетоаш ғолиб омад.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ дар Озарбойҷон намояндагони 16 давлат сазовори медал гардиданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як медали нуқра соҳиби ҷойи 11-ум шуд.

Ёдовар мешавем, ки Маҳдӣ Баротов дар Бозиҳои III кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи октябри соли 2025 дар шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон аз намуди гӯштини юнону румӣ дар вазни то 60 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий