Нурулло Алиев: “Ман чемпиони UFC мешавам”
Муҳорибаи Нурулло Алиев ва Марк Девис се раунд идома ёфта, бо қарори якдилонаи доварон варзишгари тоҷик ғолиб дониста шуд. Ҳамин тавр, размкори тоҷик дар ташкилоти UFC чор муҳориба ва чор ғалаба дорад.
МУҲОРИБА ЧӢ ГУНА ГУЗАШТ?
Рақобати Нурулло Алиев ва Марк Девис муҳорибаи дуюми мусобиқаи UFC Fight Night 282 буд.
Дар муҳориба Нурулло Алиев бартарии зиёд дошт. Ӯ зиёда аз 12 дақиқа рақибашро идора намуд. Асосан, рақобат дар замин гузашт ва размкори тоҷик ҳарифи амрикоияшро нагузошт, ки коре кунад. Албатта, барои тамошобинони одӣ ин навъи рақобат шавқовар нест, зеро размкорон пурра дар замин меҷанганд, вале аз ҷиҳати касбият ва кор кардан аз рӯйи нақша, ба чунин тарзи кор баҳои баланд дода мешавад.
Бояд бигӯем, ки Нурулло Алиев ва тимаш тавонистанд, ки кори хуберо анҷом диҳанд. Яъне онҳо дарк карданд, ки рақиб дар ҳолати росто бартарӣ дорад ва нақша кашидаанд, ки муҳорибаро дар замин мегузаронанд. Ҳамин тавр, нақшаи тими варзишгари тоҷик амалӣ шуд ва новобаста аз оне ки Марк Девис муштзани хуб аст, коре карда натавонист.
Дар муҳорибаҳои омехта доштани нақшаи мукаммал барои ҳар рақобат хеле муҳим аст. Худи варзишгар ва тимаш пеш аз муҳориба рақибро меомӯзанд ва нақшаи корӣ тартиб медиҳанд, то ки аз рӯйи он амал карда, ғолиб оянд. Дар муҳорибаи мазкур Нурулло Алиев нақшаи худро комилан иҷро кард ва муваффақ гардид.
Аввал таҳқир кард, баъд бахшиш пурсид
Пас аз оне ки натиҷаи муҳориба эълон ва дасти Нурулло Алиев бардошта шуд, варзишгари тоҷик бо эҳтироми хос назди рақибаш рафта, ӯро дилбардорӣ кард. Вале варзишгари амрикоӣ ба таҳқир пардохт. Аз ҷумла гуфт: “Ман хаста нашудам. Ту мардонавор наҷангидӣ, балки рақобатро пурра дар замин гузаронидӣ ва ин хеле бад аст. Бояд дар ҳолати росто бо ман меҷангидӣ. Ту размкори хуб ҳастӣ, вале мардонавор наҷангидӣ”.
Дар ин лаҳза Нурулло Алиев ҳамчун варзишгари касбӣ рафтор намуд ва ба ҳангомасозии рақибаш дода нашуд. Яъне варзишгари тоҷик низ метавонист посухи дурушт диҳад, вале хуб медонист, ки чунин нофаҳмиҳо пас аз рақобат метавонанд оқибати хуб надошта бошанд. Барои ҳамин, оромона ба рақибаш ташаккур гуфт ва ӯро барои меҳмонӣ ба Тоҷикистон даъват кард.
Вақте ки дар нишасти матбуотии пас аз муҳориба аз Нурулло Алиев доир ба суханони таҳқиромези Марк Девис пурсиданд, оромона посух дод: “Ман намехостам ғалабаамро вайрон кунам. Нагузоштам, ки ӯ аз рӯйи нақшааш амал кунад, балки нақшаи ман зӯртар баромад ва ғолиб шудам. Мо дар доираи муҳорибаҳои омехта рақобат кардем ва ин ҷо бо усулҳои гуногун метавон мубориза бурд, агар ӯ танҳо дар ҳолати росто рақобат кардан хоҳад, пас, чанд намуди дигари варзиш аст, ки метавонад машғул шавад”.
Дар воқеъ, суханҳои Марк Девис, ки бо усули гӯштин рақобатро пеш бурдан аз рӯйи мардӣ нест, нодуруст ва ғайримантиқиянд. Дар муҳорибаҳои омехта ҳар размкор усулеро ба кор мебарад, ки аз ҳама зиёд ба он бовар дорад ва тавонмандиашро пурра нишон дода метавонад. Масалан, Ислом Махачев, чемпиони вазни ниммиёнаи UFC, ки ҳоло беҳтарин размкор новобаста аз вазн аст, дар муҳорибаи охираш рақибашро қариб 20 дақиқа дар замин идора намуд ва ғолиб омад. Ба ҳамин минвол, Ҳамзат Чимаев, собиқ чемпиони вазни миёна низ вақте ки барои камарбанди чемпионӣ ҷангид, рақибашро зиёда аз 20 дақиқа дар замин идора намуд ва маҳз бо ин усул ғолиб омад.
Пас аз ин, Марк Девис бо нашри наворе аз Нурулло Алиев барои суханони ноҷояш бахшиш пурсид. Ӯ гуфт, ки вақту пули зиёд сарф карда, ба муҳориба омода шуд, вале нақшааш амалӣ нашуд ва дар ҳолати эҳсосӣ нисбат ба варзишгари тоҷик суханҳои ноҷо гуфт. Бахшиш пурсид ва ваъда дод, ки дигар дар ҳолати эҳсосӣ будан, худро идора мекунад.
Нурулло дар орзуи чемпионӣ
Пас аз ба даст овардани ғалабаи чорум, Нурулло Алиев дар нишасти матбуотӣ ба саволҳои хабарнигорон посух дод. Зимни саволу ҷавоб размкори тоҷик нахуст гуфт, ки мехоҳад ба рейтинги топ-15 шомил гардад, зеро аллакай дар ташкилоти UFC чор муҳориба гузаронида, чор ғалаба дорад ва рақибонаш хеле маъруфу ботаҷриба буданд.
Дар мавриди рақобати навбатиаш бошад, гуфт, ки мехоҳад муҳорибаи панҷумашро бо варзишгари эронитабори амрикоӣ Бенеил Дариуш гузаронад.
Ҳамчунин, иброз дошт, ки мехоҳад ҳарчи зудтар бо рақибони номдор рақобат намояд, то ки ба орзуяш наздиктар шавад. Тавре медонем, орзуи Нурулло Алиев чемпиони UFC дар вазни сабук шудан аст.
Парвози "Уқоби тоҷик" дар UFC
Нурулло Алиев то ҳол бебохт аст. Ӯ дар муҳорибаҳои омехта 12 муҳориба гузаронида, дар ҳамааш ғолиб омадааст. Аз 12 ғалаба ду ғалабааш тариқи накаут ва боқимонда бо қарори доварон аст. Аз ҷумла, чор муҳорибаи охирашро дар ташкилоти UFC гузаронидааст, ки дар ҳамааш бо қарори доварон пирӯз шудааст.
Нурулло Алиев аввалин тоҷикест, ки бо ташкилоти UFC шартнома баст ва нахустин муҳорибаашро 23-юми феврали соли 2023 гузаронид. Варзишгари тоҷик Рафаэл Алвесро шикаст дод ва пас аз он танафуси тӯлонӣ дошт. Бо сабаби ҷароҳат бардоштан, қариб ду сол ба майдон набаромад ва 11-уми январи соли 2025 бо Ҷо Солеки рақобат кард. Сипас, 22-юми ноябри соли 2025 бо Шакум Рок муҳориба гузаронид. Ва инак, муҳорибаи чорумашро зидди Марк Девис доир намуд.
Ба фикри ин ҷониб, парвози “Уқоби тоҷик” дар ташкилоти UFC замоне боз ҳам дурахшонтар мегардад, ки ӯ муҳорибаҳояшро фавран ба анҷом расонад. Яъне дар ин навъи варзиш бо қарори доварон ғолиб шудан ба варзишгар барои зудтар ба мақсад расидан монеа эҷод мекунад. Агар размкор тариқи накаут, накаути техникӣ ё усули бӯғӣ кардан, ғалаба кунад, таваҷҷуҳ ба ӯ зиёд мегардад ва хеле зуд ба мақсад мерасад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)