Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор муҳоҷири дохилӣ будааст
То моҳи апрели соли 2026 теъдоди умумии муҳоҷирони дохилӣ (меҳнатӣ ва муҳитзистӣ) дар вилояти Суғд 43 ҳазору 187 нафар ва дар вилояти Хатлон 34 ҳазору 651 нафарро ташкил додааст. Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди маҳал ин оморро зимни нишасти матбуотии ин ниҳод изҳор дошт.
Дар Тоҷикистон муҳоҷирати дохилӣ асосан аз ноҳияҳои камзамин, кӯҳистон ва сернуфус ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида сурат мегирад.
Дар мисоли нақшаи солҳои 2019–2021 аз ноҳияҳои гуногун чунин кӯчишҳо зикр шудаанд: аз Тоҷикобод ба Вахш ва Носири Хусрав, аз Сангвор ба Панҷ, аз Кӯҳистони Мастчоҳ ба Данғара ва Носири Хусрав, аз Ишқошим ва Шуғнон ба Хуросон, аз Темурмалик ба Рӯдакӣ ва Хуросон, аз Мӯъминобод ба Рӯдакӣ, инчунин аз Қубодиёну Шаҳритус ба Носири Хусрав ва Ҷалолиддини Балхӣ.
Аз вилояти Суғд ҳам муҳоҷирати дохилӣ асосан ба ноҳияҳои водигӣ ва заминдори ҷанубу марказии кишвар равона мешавад. Аз Суғд бештар аз Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара ва Ғончӣ кӯчиш шудааст, ва самтҳои асосӣ Данғара, Хуросон, Вахш, Носири Хусрав, Панҷ, Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд. Муҳоҷирати экологӣ бошад, аз мавзеъҳои хавфнок ба ҷойҳои бехавф ва аз маҳалҳои камзамин ба минтақаҳои заминдор ташкил мешавад.
Раиси Кумита дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди ваколат ва вазифаҳои мушаххаси ин ниҳод дар раванди кӯчонидани муҳоҷирони дохилӣ ва таъмини шароити зиндагии онҳо, нақши кумитаро «маҷмӯӣ ва ҳамоҳангсоз» номид.

Камолиддин Муминзод asia+
Аз санҷиши ҷой то гузориш ба раисҷумҳурБа гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки вазоратҳои соҳавӣ, ба мисли маориф ва тандурустӣ, танҳо бахшҳои худро (сохтмони мактаб ё бунгоҳи тиббӣ) пайгирӣ мекунанд, Кумитаи рушди маҳал тамоми зерсохтори деҳаҳои навро ба таври комил назорат мекунад ва хулосаашро ба дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур мефиристад.
Камолиддин Муминзод вазифаи аслии ниҳоди зери роҳбариашро чунин шарҳ дод: «Мо пурра як нақши маҷмӯиро (комплексиро) иҷро мекунем, ки он ҳамоҳангсозии фаъолияти байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ мебошад. Мо бевосита ба ҳамон ноҳия ва маҳалли зисти муҳоҷирони нав меравем ва муайян мекунем, ки дар он ҷо кадом шароитҳо ҳастанд ва кадом мушкилот, ба мисли набудани роҳ, об ё барқ, мавҷуданд. Пас аз таҳлили дақиқ, гузоришро бевосита ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоем».
Ба гуфтаи Муминзод, дар асоси ин гузоришҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба вазоратҳои мушаххас ва мақомоти маҳаллӣ дастуру супоришҳо ирсол мешаванд, то мушкилоти инфрасохтории муҳоҷирони дохилӣ ҳалли худро ёбанд.
Ҳамоҳангсозии сиёсати муҳоҷиратМуминзод илова намуд, ки сиёсати давлатиро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва муҳитзистӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ татбиқ мекунад, аммо ҳамоҳангсозии фаъолияти шаҳру ноҳияҳо дар ин раванд ба дӯши Кумитаи рушди маҳал аст. Ин ниҳод инчунин дар ҳолати пайдо шудани шикоятҳо аз ҷониби муҳоҷирон, дар ҳаллу фасли мушкилоти онҳо саҳм мегузорад.
Муҳоҷирати дохилӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки пас аз соли 2000-ум оғоз шуд, дар чанд марҳила бояд амалӣ карда шавад. Дар ин замина қарори ҳукумат содир ва ба мақомоти дахлдор дастури лозима низ ироа шудааст.
Тибқи қарори ҳукумат, нақшаи муҳоҷирати дохилӣ дар чанд марҳила амалӣ шуда, ҳадаф аз он кӯчонидани аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ мебошад.
Аз ҷумла, то ин лаҳза шаш қарори ҳукумат дар хусуси муҳоҷирати дохилӣ ба имзо расидааст, ки солҳои зеринро дар бар мегирад: 2008-2009, 2010-2012, 2013-2015, 2016-2018, 2019-2021 ва 2022-2024.
Аз мушкили мактаб ва хонаҳои беҳуҷҷат — муҳоҷирони дохилӣ чӣ ҳол доранд? Дар ин маводи мо мутолиа кунед.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)