Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дуюми дӯстона бо Ҳинд мусовӣ кард
Рақобати дуюми дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон муқобили Ҳинд бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Ин дидор шоми 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд ва ягона голи Тоҷикистонро дар дақиқаи 85-ум Шериддин Бобоев аз зарбаи 11-метра (пеналтӣ) ба самар расонд.
Меҳмонон дар қисми аввал ҳисобро кушоданд. Дар дақиқаи 25-ум Викрам Партап Сингх аз имконият истифода бурда, тӯбро ба ҳадаф расонид. Пас аз ин мунтахаби Тоҷикистон ташаббусро ба даст гирифт, вале муддати тӯлонӣ ба дарвозаи ҳариф роҳ ёфта натавонист.
Дар қисми дуюм, Игор Ангеловски, сармуррабии тими миллии Тоҷикистон бисёре аз футболбозонро иваз кард. Ваҳдат Ҳаннонов, Салоҳиддин Эргашев, Шервонӣ Муҳаббатшоев, Шаҳром Самиев, Фурқон Раҳимзода ва Шериддин Бобоев ба майдон баромаданд. Маҳз ба яке аз онҳо муяссар шуд, ки ҳисобро баробар кунад.
Дар дақиқаи 85-ум Шериддин Бобоев аз зарбаи 11-метра ҳисобро баробар кард.
Акс аз ФФТ
Ин дуввумин бозӣ зери роҳбарии сармурабии нав Игор Ангеловски мебошанд: 1 пирӯзӣ ва 1 мусовӣ.
Зимнан дар ин вохӯри Аҳтам Назаров, капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон бозии 100-уми худро гузаронид. Ӯ аввалин бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст, ки ба ин нишондиҳанда расид.
Бояд гуфт, ки дар набарди аввали дӯстонаи дастаҳои футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3:1 Ҳиндро ноком карда буданд.
Бояд гуфт, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар феҳристи нави радабандии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар ҷойи 100-ум қарор гирифт. Дар ҳоле, ки Ҳинд дар миёни 211 даста дар зинаи 139-ум мавқеъ дорад.
Сарчашма: asiaplus.news
Меҳмонон дар қисми аввал ҳисобро кушоданд. Дар дақиқаи 25-ум Викрам Партап Сингх аз имконият истифода бурда, тӯбро ба ҳадаф расонид. Пас аз ин мунтахаби Тоҷикистон ташаббусро ба даст гирифт, вале муддати тӯлонӣ ба дарвозаи ҳариф роҳ ёфта натавонист.
Дар қисми дуюм, Игор Ангеловски, сармуррабии тими миллии Тоҷикистон бисёре аз футболбозонро иваз кард. Ваҳдат Ҳаннонов, Салоҳиддин Эргашев, Шервонӣ Муҳаббатшоев, Шаҳром Самиев, Фурқон Раҳимзода ва Шериддин Бобоев ба майдон баромаданд. Маҳз ба яке аз онҳо муяссар шуд, ки ҳисобро баробар кунад.
Дар дақиқаи 85-ум Шериддин Бобоев аз зарбаи 11-метра ҳисобро баробар кард.
Акс аз ФФТИн дуввумин бозӣ зери роҳбарии сармурабии нав Игор Ангеловски мебошанд: 1 пирӯзӣ ва 1 мусовӣ.
Зимнан дар ин вохӯри Аҳтам Назаров, капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон бозии 100-уми худро гузаронид. Ӯ аввалин бозигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст, ки ба ин нишондиҳанда расид.
Бояд гуфт, ки дар набарди аввали дӯстонаи дастаҳои футболбозони тоҷик бо ҳисоби 3:1 Ҳиндро ноком карда буданд.
Бояд гуфт, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар феҳристи нави радабандии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар ҷойи 100-ум қарор гирифт. Дар ҳоле, ки Ҳинд дар миёни 211 даста дар зинаи 139-ум мавқеъ дорад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)