< Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?
​Рақобати Асрор Воҳидов, муштзани тоҷик муқобили Робейс Рамирес, аз Куба қаҳрамони дукаратаи олимпӣ барои дарёфти камарбанди «WBC Eurasia» расман бекор шудааст. Сабаби лағви рақобат, ошкор шудани допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад. 

Пас аз ин, раҳбарияти «дивизиони"-и «WBC Eurasia» тасмим гирифтааст, ки рақобатро бекор кунад. Ҳамин тариқ, қувваозмоӣ барои дарёфти камарбанд доир нашуд ва он ҳоло ҳам бесоҳиб аст.

Оянда чӣ мешавад?Бо вуҷуди бекор шудани рақобат, вбо қарори дастандаркорон, Асрор Воҳидов мавқеи худро дар раддабандӣ ҳифз мекунад ва ҳатто беҳтар мекунад.



Асрор Воҳидов (дар марказ) бо дастааш. Акс аз WBC Eurasia 

Илова бар ин, аллакай маълум аст, ки баъди як моҳ ӯ имкон пайдо мекунад, ки барои дарёфти камарбанди «WBC Eurasia» мубориза барад. Ин маънои онро дорад, ки роҳи мубориза барои дарёфти камарбанд ба муштзани тоҷик боз аст.

Ёдрас мекунем, ки рақобати Воҳидов ва Рамирес дар аввал рақобати асосӣ дар доираи мусобиқаи «RAIZD Boxing» дар Тошканд баррасӣ мешуд. Барои муштазани тоҷик ин як имконе барои муаррифии худ дар арсаи байналмилалӣ буд, зеро рақибаш муштзани маъруфи миқёси ҷаҳонӣ ва дорои унвонҳои олимпӣ ва камарбанди WBO дар гузашта буд.


Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий