Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқаҳо 8 даста аз сохторҳои гуногуни соҳаи алоқа иштирок намуда, маҳорати варзишии худро дар фазои рақобати солим нишон доданд.
Марҳилаи ниҳоии рақобатҳо аз рӯйи футболи хурд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд. Ғолибон бо Диплом ва медал сарфароз гардонида шуданд.
Иброз гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо ба таҳкими руҳияи ҳамкорӣ, боло бурдани фаъолнокии ҷисмонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни кормандони соҳа мусоидат мекунад.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)