< Амин Қобилов - қаҳрамони нави Тоҷикистон оид ба шоҳмот » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Амин Қобилов - қаҳрамони нави Тоҷикистон оид ба шоҳмот

Амин Қобилов - қаҳрамони нави Тоҷикистон оид ба шоҳмот
​Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни мардон ва бонувон тибқи нақшаи ягонаи тақвими чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 то 5 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар мусобиқа 72 иштирокчӣ аз тамоми кишвар ширкат варзиданд, ки аз онҳо 23 нафар занон буданд.

Аз рӯи натиҷаҳо ҷои 1-умро Амин Қобилов бо 6,5 хол аз 8 ишғол намуд. Ҷои 2-юмро қаҳрамони собиқ Алишер Каримов бо 0,5 хол камтар гирифт, ҷои 3-юм ба Ораш Шоназаров бо 6 хол насиб гардид.

Аз рӯи нишондиҳандаҳои иловагӣ ҷои 4-умро қаҳрамони амалкунандаи шаҳри Душанбе Қубот Мақсудшоев ва ҷои 5-умро Пайрав Қодирӣ ҳарду бо 6 холӣ ишғол намуданд.

Дар байни бонувон Насриддинзода Марворӣ ва Толибова Дилола холҳои баробар гирифтанд. Аз рӯи нишондиҳандаҳои иловагӣ тилло ба Насриддинзода Марворӣ , нуқра ба Толибова Дилола ва биринҷӣ ба Ҷумаева Шоҳсанам расид.

Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот миёни мардон ва бонувон -2026
Шоҳмоти маъмулӣ (классикӣ)
Мардон:
1. Амин Қобилов
2.Алишер Каримов
3.Шоназаров Ораш
Занон:
1. Насриддинзода Марворӣ
2.Толибова Дилола
3.Ҷумаева Шоҳсанам
Шоҳмоти зудбозӣ (Рапид)
Мардон:
1. Амин Қобилов
2.Исоев Ҷамшед
3.Шоназаров Ораш
Занон:
1.Антонова Надежда
2.Насриддинзода Марворӣ
3.Маҳмудова Нозанин
Шоҳмоти барқвор (Блитс)
Мардон:
1. Алишер Каримов
2.Мусави Саид Милод
3.Пайрав Қодирӣ
Занон:
1.Саидова Рухшона
2.Масҳабова Шукрона
3.Толибова Дилола
Ҳамаи ғолибон ва ҷоизадорон бо медал, ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.


Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий