< Ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд

Ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
​Аз ҷумла, 14 апрели соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ, инчунин масоили ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуд. Изҳор гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики калидии стратегӣ дар пешбурди ислоҳоти сохторӣ, рушди инфрасохтор, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва таъмини рушди устувору фарогири иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.

Аз ҷумла, ҳамкории муваффақ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми энергетикӣ, бахусус Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун омили асосии таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди иқтисоди «сабз» таъкид гардид.

Зимни муаррифии вазъи макроиқтисодӣ иброз шуд, ки ислоҳоти пай дар пай ва дастгирии шарикони байналмилалӣ ба таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва нигоҳ доштани суръати баланди рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ду моҳи аввали соли 2026 ба 8 фоиз расид. Ҳамзамон рушди босуръати бахши бонкӣ ва рақамисозии хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ ва васеъ гардидани истифодаи воситаҳои муосири пардохт ҳамчун нишондиҳандаи муҳимми таҳаввулоти низоми молиявӣ арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои молияи сабз, рушди устувор, рақамисозии бахши молиявӣ ва тақвияти фарогирии молиявӣ баррасӣ намуда, барои идомаи ҳамкории созанда ва дарозмуддат изҳори омодагӣ карданд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий