< Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
​Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барқароркунии боғу токзори кӯҳна 2627 гектар, аз он 2342 гектарро боғ ва 285 гектарро токзор дар бар мегирад.

Инчунин то 3 апрели соли 2026 дар ҷумҳурӣ дар 123 558 гектар башаклдарории боғу токзор, коркарди байни қаторҳо ва коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2024 «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул гардид.

Мақсад ва вазифаҳои асосии барнома идома додани рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ, таъсис додани ҷойи нави кор, вусъати иқтисоди «сабз», ҳалли мушкилоти экологӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим мебошад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий