< Собиқ номзад ба мақоми президентӣ ва роҳбари 78-солаи ҲКТ даргузашт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Собиқ номзад ба мақоми президентӣ ва роҳбари 78-солаи ҲКТ даргузашт

Собиқ номзад ба мақоми президентӣ ва роҳбари 78-солаи ҲКТ даргузашт
​Дар ин бора яке аз наздикони ӯ ба «Азия-Плюс» хабар дод. Сабаби марги ӯ маълум нест.

Мироҷ Абдуллоев, ки дар даъвати қаблӣ, солҳои 2020-2025 вакили парлумони кишвар низ буд, 9 сол инҷониб Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Ӯ дар интихоботи президентии соли 2020 ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ аз ҲКТ пешниҳод шуд, вале дар рақобат шикаст хӯрд. Ӯ он замон 72-сола ва куҳансолтарин нафар дар миёни шаш номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон буд.
Ӯ кӣ буд ва чӣ корнома дошт?Мироҷ Абдуллоев 15-уми августи соли 1948  дар ноҳияи Муъминобод ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Институти давлати педагогии шаҳри Кӯлоб ва Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС дар шаҳри Маскав аст.

Фаъолияти ӯ ҳамчун омӯзгор дар мактаби миёна оғоз шуда, минбаъд дар вазифаҳои давлатӣ ба кор оғоз намудааст. Ӯ солҳои зиёд дар мақомҳои баланд дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Хатлон фаъолият дошт.

Соли 2001 нозири калони шуъбаи дуюми Раёсати кофтукови ҷиноии Оҷонсии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ таъин шуда, то соли 2004 дар ин маснад ифои вазифа кард. Вай солҳои 2005-2011 ҳуқуқшиноси ҳукумати раиси шаҳри Кӯлоб буд.
Солҳои 2016-2017 намояндаи ташкилоти ҷамъиятии хайриявии байналмилалии «Ҳомиёни Ватан» дар шаҳри Кӯлоб ва ҳамзамон Котиби аввали Кумитаи ҲКТ дар ин минтақа буд.

Мироҷ Абдуллоев моҳи апрели соли 2017 раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар даъвати қаблӣ, солҳои 2020-2025 вакили парлумони кишвар буд.

Мироҷ Абдуллоев дар интихоботи парлумонии ахир ба парлумон роҳ наёфт ва ин ҳизб ббаъди чандин сол аз курсии парлумон маҳрум шуд, аммо боз ҳам эътирозе надошт.

Ӯ танҳо хоҳиш дошт, ки барои ҳизбаш «дар парлумон ақаллан як курсӣ медоданд».

Сарчашма: asiaplus.news​

Комментарии (0)

Оставить комментарий