Чӣ гуна арзиши истифодаи роҳи Душанбе – Чаноқ тағйир ёфт ва роҳҳои пулакӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар нарх доранд?
Бар асоси созишномаи консессионӣ «Филиали ширкати байналмилалии „Innovative Road Solution (IRS)“ дар Тоҷикистон масъули нигоҳубини роҳ мебошад. Бино ба маълумоти расмӣ, ин ширкат соли 2009 дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия ба қайд гирифта шудааст.
Барои таъмиру навсозии шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ ҳукумати Тоҷикистон аз „Эксимбонк"-м Чин ҳудуди 300 млн доллар қарз гирифта буд.

Қитъаҳои аввали роҳ дар қаламрави ноҳияи Варзоб аз 1-уми апрели соли 2010 пулакӣ шуд. Минбаъд низоми пардохт васеъ шуда, дар роҳ 6 нуқтаи толлингӣ (пардохт) пайдо шуд:
— «Варзоб» — 63,3 км;
— «Ҳушёрӣ» — 41,27 км;
— «Шаҳристон» — 41,44 км;
— «Истаравшан — 66,27 км;
— „Деҳмой“ — 65,6 км;
— „Чорух“ — 60 км.
Масофаи умумии қитъаи пулакӣ, ҳудуди 338 километрро ташкил медиҳад.
Истифодабарандагони роҳ ба чор бахш ё категория ҷудо мешаванд. Автомобилҳои сабукрав, микроавтобус ва мошинҳои боркаши то 2 тонна ба бахши аввал дохиланд.
Таърифа (тарифҳо)-и маъмулӣ барои равуо дар ин қитъаи роҳ тариқи зайл муқаррар шудаанд:

Вазъ дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна аст?Тоҷикистон аввалин кишваре дар Осиёи Марказӣ аст, ки низоми роҳҳои палакиро ҷорӣ кард.
Қазоқистон роҳҳои пулакиро баъдтар, соли 2013 ҷорӣ карда, қитъаи роҳи Остона — Шучинск боз кард. Вале тайи ин солҳо кишвар аз миқёси минтақа пеш гузашт: имрӯз дар Қазоқистон 12 роҳи мошингард бо масофаи умумии ҳудуди 4,9 км пулакӣ аст.
Арзиши миёнаи рафту омад барои мошинҳои сабукрав дар Қазоқистон нисбат ба Тоҷикистон пасттар аст: ҳудуди 0,2-0,3 доллар барои 100 км. Арзиши равуо тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ барои ин бахши истифодабарандагони оддӣ, тақрибан 26,3 сомонӣ (2,7 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Дар Ӯзбекистон роҳандозии роҳҳои пулакӣ, ба нақша гирифта шуда, қисман ҷорӣ мешаванд, вале низом ҳоло дар марҳилаи коркард қарор дорад. Тайи солҳои ахир, ҳукумати ин кишвар ба сохтмони аввалин шоҳроҳҳои мошингарди пулакӣ (масалан Тошканд — Самарқанд) оғоз кард. Аммо ҳоло шабакаи мукаммал вуҷуд надорад.
Қирғизистон низ имкони ҷорисозии роҳҳои пулакиро баррасӣ мекунад, вале ҳоло ин низом ҷорӣ нашудааст. Дар Туркманистон низ чунин роҳҳо нестанд.
Дар Русия аввалин роҳи пулакӣ ҳанӯз соли 1999 пайдо шуд. Имрӯз шабакаи роҳҳои пулакӣ дар ҳоли рушд қарор дошта, аллакай аз 3 ҳазор км зиёдтар аст. Масъули асосии тарҳ, ширкати давлатии „Автодор“ мебошад.
Арзиши равуо дар ин ҷо нисбат ба Осиёи Марказӣ баландтар аст. Ронандагони автомашинаҳои сабукрав ба ҳисоби миёна барои 100 км ҳудуди 3-5 доллар пардохт намуда, дар қитъаҳои ҷудогона (масалан шоҳроҳҳои босуръати М-11 ё М-12) таърифа вобаста ба вақти рӯз ва сарбории роҳ, метавонад боз ҳам баландтар бошад.
Хароҷот ба даромад мувофиқ аст?Дар ҳамин ҳол, яке аз омилҳои калидии ҷорисозии роҳҳои пулакӣ сатҳи даромади аҳолӣ боқӣ мемонад. Бино ба маълумоти ахири расмии дастрас, музди меҳнати меҳнати миёна дар минтақа ва Русия тариқи зайл аст:
Бояд гуфт, ки яке аз шартҳои сохтмони роҳи пулакии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ, мавҷуд будани роҳҳои ҷойгузини бепул аст. Вале роҳи ҷойгузин ё худ алтернативӣ барои роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ вуҷуд надорад.
Аксарияти роҳҳои мошингарди пулакӣ дар Қазоқистон барои худ роҳҳои ҷойгузин ё худ алтернативӣ доранд.
Тибқи қонунгузории Русия, қарор дар бораи истифодаи роҳи мошингард ё қитъаи он бар асоси пардохти маблағ танҳо бо шарти таъмини имкон барои равуои алтернативии бепул бо роҳи мошингарди истифодаи умумӣ қабул карда мешавад.
Сарчашма: asiaplus.news

- Тоҷикистон — 325 $$
- Ӯзбекистон — 527 $;
- Қазоқистон 1030 $;
- Қирғизистон — 524 $;
- Русия — 1235. $
Бояд гуфт, ки яке аз шартҳои сохтмони роҳи пулакии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ, мавҷуд будани роҳҳои ҷойгузини бепул аст. Вале роҳи ҷойгузин ё худ алтернативӣ барои роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ вуҷуд надорад.
Аксарияти роҳҳои мошингарди пулакӣ дар Қазоқистон барои худ роҳҳои ҷойгузин ё худ алтернативӣ доранд.
Тибқи қонунгузории Русия, қарор дар бораи истифодаи роҳи мошингард ё қитъаи он бар асоси пардохти маблағ танҳо бо шарти таъмини имкон барои равуои алтернативии бепул бо роҳи мошингарди истифодаи умумӣ қабул карда мешавад.
Сарчашма: asiaplus.news
Комментарии (0)