< Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
​Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, даста омодагиро барои бозии гурӯҳи «А» муқобили яккачини Филиппин дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оғоз намуд. Вохӯрии мазкур 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.

Пеш аз оғози машқҳои дастаҷамъӣ сармураббӣ бо бозигарон мулоқоти кӯтоҳе анҷом дод ва аҳамияти бозии дарпешистодаро таъкид кард. Инчунин Стеванович бозигаронеро, ки бори аввал ба дастаи миллӣ даъват шуданд, истиқбол намуд.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий