< 7 ҷудокори тоҷик дар Tbilisi Grand Slam-2026 иштирок мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

7 ҷудокори тоҷик дар Tbilisi Grand Slam-2026 иштирок мекунанд

7 ҷудокори тоҷик дар Tbilisi Grand Slam-2026 иштирок мекунанд
​Ба ин мусобиқа то ҳол 437 ҷудокор (263 мард ва 174 зан) аз 54 давлати панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт ҷудокор Рамзиддин Азизов дар вазни то 60 кг, Ёсин Бобокалонов ва Искандар Маҳмадхоҷазода дар вазни то 66 кг, Сайфиддин Сайфиддинзода ва Абубакр Шеров дар вазни то 81 кг, Ардашери Ҳамза ва Озарахш Ҳомидов дар вазни то 90 кг шомил мебошанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишонҳои биринҷӣ бо 1500-евроӣ мукофотонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҷудокорон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ғайр аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.


Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий