Ҷасади зани 36-солае, ки дар Амрико дар пайи садама ҷон бохт, имшаб ба Тоҷикистон меоранд
Ҷасади Дилрабо Азизбекова, зани 36-солаи тоҷикро, ки ду ҳафта пеш дар пайи садамаи нақлиётӣ дар Амрико ҷон бохт, имшаб ба ватан меоранд. Дар ин бора наздикони марҳум ба «Азия-Плюс» хабар дода, гуфтанд, ҷасади ӯро аллакай ба Тоҷикистон фиристодаанд ва интизор меравад, ки имшаб ба Душанбе расад.
Ба иттилои пайвандонаш, маросими ҷаноза рӯзи панҷшанбе, 19-уми феврал дар масҷиди маъруф ба «Мехкалон» -и пойтахт хонда мешавад.
Пайвандонаш мегӯянд, се кӯдаки ноболиғи ӯ ҳоло дар Амрико буда, яке аз наздиконаш барои нигоҳубини онҳо ба ин кишвар рафтааст.
Ёдрас мешавем, ки Дилрабо Азизбековаи 36-сола рӯзи 6-уми феврал дар наздикии шаҳри Скрибнери иёлати Небраскаи Амрико, ҳангоми идораи мошин, ки фарзандонаш низ ҳамроҳаш буданд, ба садама дучор шуд ва дар ҷойи ҳодиса ҷон бохт. Писари 9-солааш бо осеби шадиди мағзи сар дар шуъбаи эҳё ва духтари 11-сола ва писари 5-солааш бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон буданд.
Сабаби садама ва тафсилоти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест.
Ба иттилои пайвандонаш, Дилрабо Азизбекова танҳо фарзандонашро ба воя мерасонид ва се моҳ пеш, баъди барандаи бозии бурдноки Корти сабз (Грин-корт) шудан, барои кору иқомат ба Амрико рафта буд.
Ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон барои кору даромади хуб ва иқомати доимӣ ба Амрико мераванд. Онҳое, ҳам кам нестанд, ки бо мақсади сайёҳӣ ва меҳмонӣ ба ин кишвар мераванд. Ҳоло тибқи омори ғайрирасмӣ, ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди мо дар ИМА кору зиндагӣ мекунанд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)