< Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад

Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба рушд ва тавсеаи равобити мутақобили судманд дар самти муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳадафи асосии сафари ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон омӯзиши таҷрибаи Агентии муқовимат ба коррупсияи ин кишвар ба роҳ мондани чораҳои пешрафтаи муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий