< Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст? » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?
Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд. Дар ин бора дирӯз, 12-уми феврал, дар нишасти хабарии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфтанд, то ба имрӯз 406 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишварҳо ихтиёран ба ватан баргардонида шудаанд.

Саидаҳтам Ҳотамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, аз ҷумла, дар кишварҳои ҷангзада 206 оила боқӣ монда, 771 нафари теъдоди гуфташуда дар ҳайати оилаҳо мебошанд.

Аммо мушаххас нагуфт, ки кишварҳои ҷангзада гуфта, кадом давлатҳо дар назар дошта шудаанд.

Маъмулан мақомоти қудратии Тоҷикистон аз Сурияву Ироқ ҳамчун минтақаҳои ҷангзада ном мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл аз Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон теъдоди умумии занону кӯдаконеро, ки дар паноҳгоҳҳои Сурияву Ироқ боқӣ мондаанд, тақрибан 250-300 нафар гуфта буданд.

Ин ниҳод гуфта буд, ки теъдоди умумии онҳо 800 нафар буд ва дар чор давра 382 зану кӯдаки тоҷик ба ватан оварда шуданд.

Саидаҳтам Ҳотамзода

Суҳайлӣ Қодирӣ, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфта буд, бо сабаби ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар Сурия, гурӯҳи корӣ раванди баргардонидани занону кӯдакони тоҷикро дар ин кишварҳо қатъ кардааст.
«Дар марҳилаи охир, соли 2024 мо дар назар доштем, ки тамоми занону кӯдакони боқимондаро баргардонем. Вале пеш аз ҳама бо айби худашон аст. Мутаассифона, худашон розӣ нашуданд, ки баргарданд», — гуфта буд ӯ.

Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тақдири нафарони ба ватан баргардонидашударо низ нагуфтанд.

Зимнан, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар гуфт, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷангҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, беш аз 3 ҳазор нафар буда, тақрибан 1500 нафари онҳо дар ҷангҳо ба ҳалокат расидаанд.

Аммо, тибқи иттилои расмӣ, аз соли 2013, пас аз сари қудрат омадани ҷангҷӯёни ҳаракати дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнуи «Давлати исломӣ» ҳудуди ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба онҳо пайвастаанд. Бархе мардон зану фарзандони худро низ бо худ ба Ироқу Сурия бурданд.

Ба гуфтаи мақомот, то соли 2017 бештари мардони ба он гурӯҳ пайвастаи тоҷик дар ҷангҳо кушта ё бедарак шудаанд. Зимни амалиётҳои ҷангӣ инчунин бархе занону кӯдакони тоҷик низ кушта шуданд.


Сарчашма: asiaplustj.info​

Комментарии (0)

Оставить комментарий