Муин Ғафуров бори сеюм дар UFC шикаст хӯрд
Тибқи ҳисоби пешакӣ дар раунди якум Муин Ғафуров пешсаф буд, дар раунди дуюм бошад, Якуб Виклачи бартарӣ дошт. Раунди сеюм пурра ба фоидаи варзишгари тоҷик буд, вале ӯ дар сонияи охир таслим шуд ва муҳориба ба фоидаи размкори лаҳистонӣ ба анҷом расид.
Ҳарчанд пас аз муҳориба Муин Ғафуров гуфт, ки таслим нашудааст, балки садои занги тамом шудани раундро шунида, дасташро ба бадани ҳарифаш мондааст, вале ин тасдиқ нашуд ва Якуб Виклачи ғолиб дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки то ҳол Муин Ғафуров дар ташкилоти UFC панҷ рақобат гузаронида, дар се муборизааш мағлуб ва дар дутои дигар ғолиб шудааст.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)