< Раиси ноҳияҳои Ҷаббор Расулов гуфт, дар пайи табодули марзӣ бо Қирғизистон чанд хонаро иваз карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Раиси ноҳияҳои Ҷаббор Расулов гуфт, дар пайи табодули марзӣ бо Қирғизистон чанд хонаро иваз карданд

Раиси ноҳияҳои Ҷаббор Расулов гуфт, дар пайи табодули марзӣ бо Қирғизистон чанд хонаро иваз карданд
​Дар ин бора Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ хабар дод. Ӯ гуфт, ки «ҳамаи шаҳрвандоне, ки хонаҳояшон ба кишври ҳамсоя гузашт, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

»Нархи хонаҳое, ки аз мо ба кишвари ҳамсоя гузашт, аз сӯи корхонаи «Суғднархгузор» ва коммисияи ҷумҳуриявӣ маълум карда шуд. Ба ҳамон нарх, имрӯз қитъаҳои замине, ки аз ҷониби Қирғизистон ба мо гузашт, ҳисоб карда истодаем, мувофиқи он ҷубронашро пардохт мекунем. Ягон нафар сокинони ноҳия, ки қитъа заминашон ба ҳисоби Қирғизистон гузашт, зарар намебинанд, ҳамаашро мо ҳисоббаробар мекунем"-афзуд Юлдошзода.
Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, ҳоло муносибати сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамсоягони қирғизи хуб аст, рафтуомаду тиҷорат  ба роҳ монда шудааст.



Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, дар масъалаи баҳси мушаххасозии сарҳад ба созиш расиданд.

Рӯзи 13-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.

Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.


Сарчашма:hamsinf.com​

Комментарии (0)

Оставить комментарий