Омодагии футболбозони навраси тоҷик ба Ҷоми Осиё дар Ҳиндустон
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин ҷамъомад наврасони тоҷик бо ҳамтоёни ҳиндуи худ ду рақобати санҷишӣ анҷом медиҳанд. Ин бозиҳо 29-уми январ ва 1-уми феврал ба нақша гирифта шудаанд.
Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 рӯзи 12-уми феврал бар асоси қуръакашии расмии мусобиқа муайян мешаванд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 рӯзҳои 13-ум ва 16-уми январи имсол дар шаҳри Дубай ду бозии санҷишӣ анҷом дод.
Наврасони тоҷик нахуст бозии санҷиширо бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ баргузор карданд. Вақти асосии дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голи мунтахаби Тоҷикистонро нимҳимоятгар Меҳрубон Одилзода зад. Ғолиби рақобат дар силсилаи пеналти муайян шуда, наврасони тоҷик бо ҳисоби 10:9 пирӯз гаштанд.
Футболбозони навраси тоҷик бозии дуюми санҷиширо дар Дубай бо дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ доир намуда, бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи ягонаро нимҳимоятгар Муҳаммадҷон Мираҳмадов ба самар расонд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) 23 футболбоз (2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар) дохиланд, ки 18 нафар аз бошгоҳҳои футболи кишвар, 4 кас аз дастаҳои Русия ва як нафар аз ҳайати наврасони бошгоҳи «Ал-Наср"-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мебошанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозиҳои санҷишӣ:
Дарвозабонҳо: Абубакр Раҳмонқулов, Алиҷони Баҳодурзода (ҳарду аз «Душанбе»);
Ҳимоятгарон: Исломҷон Ҳоҷиев (Академияи «Криля Советов», Русия), Мактум Алидодов («Ал-Наср», Имороти Муттаҳидаи Арабӣ), Мустафо Ҳасанбеков («Истиқлол», Душанбе), Шуҳрат Нурматов, Ҳикматулло Кабиров, Муҳаммадҷон Кароматуллозода (ҳарсе аз Академияи ФФТ), Ёқубҷон Муродов, Озодбек Танҷихолов (ҳарду аз «Душанбе»);
Нимҳимоятгарон: Назарбек Маҳатов, Мансурбек Раимбердиев (ҳарду аз СШОР № 1 Белгород, Русия), Меҳрубон Одилзода, Парвиз Бобоназаров (ҳарду аз «Истиқлол»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Барқчӣ», Ҳисор), Олимҷон Олимов (КМВА, Душанбе), Бахтовар Арабов («Душанбе»), Азизҷон Шодиев, Муҳаммадҷон Қудратов (ҳарду аз Академияи ФФТ), Усмон Ширинов (МҶМОВ, Душанбе);
Ҳамлагарон: Парвиз Сангинов (Академияи «Космос», Маскави Русия), Асадбек Махтумов («Эсхата», Хуҷанд), Аминҷон Асоев («Душанбе»).
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)