< 14 январ тими миллии футзали Тоҷикистон омодагиро ба Ҷоми Осиё-2026 оғоз мекунад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

14 январ тими миллии футзали Тоҷикистон омодагиро ба Ҷоми Осиё-2026 оғоз мекунад

14 январ тими миллии футзали Тоҷикистон омодагиро ба Ҷоми Осиё-2026 оғоз мекунад
​Дар доираи омодагиҳои худ даста дар Индонезия машқҳои дастаҷамъии даҳрӯза роҳнадозӣ мекунад. Дар доираи ҷамъомад мунтахаби Тоҷикистон се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Сармураббии дастаи миллӣ Пайрав Воҳидов 16 бозигарро барои тамринҳои дастаҷамъӣ даъват кардааст — се дарвозабон ва 13 бозигар. Ҳайати ниҳоии мунтахаб барои Ҷоми Осиё-2026 14 бозигарро дар бар мегирад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё-2026 тими миллии Тоҷикистон бо яккачинҳои Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ хоҳад кард.

Сарчашма: varzishtv.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий