< “Истиқлол” марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиёро бо ғалаба ҷамъбаст намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Истиқлол” марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиёро бо ғалаба ҷамъбаст намуд

“Истиқлол” марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиёро бо ғалаба ҷамъбаст намуд
​Бозии ниҳоии «Истиқлол» бо бошгоҳи «Гоа"-и Ҳиндустон доир шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Ҷавоҳарлал Неру"-и Гоа баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди «Истиқлол» анҷом ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 8-уми бозӣ аз ҷониби Деян Дражич ба фоидаи «Гоа» кушода шуд. Дар дақиқаи 53-юми бозӣ Шон Пол Камолафе ҳисобро баробар намуд. Пас аз 3 дақиқа аз зарбаи пеналтӣ Амирбек Ҷӯрабоев голи ғалабаоварро барои «Истиқлол» ба самар расонид.
Дар бозии дигари гурӯҳ «Ал-Наср» дар шаҳри Риёз бо ҳисоби бузурги 5 бар 1 муқобили «Ал-Завраа» пирӯзӣ ба даст овард.

«Истиқлол» дар панҷбозии анҷом дода, дар марҳилаи гурӯҳӣ аз «Ал-Наср» бо ҳисоби 5 бар 0 дар Риёз, аз «Ал-Завраа» бо ҳисоби 2 бар 1 дар Бағдод, аз «Ал-Наср» бо ҳисоби 4 бар 0 дар Риёз мағлуб шуда, ғалабаро бар «Гоа» бо ҳисоби 2 бар 0 ва «Ал-Завраа» бо ҳисоби 2 бар 1 дар Ҳисор ба даст овард.

Қобили зикр аст, ки пас аз бозиҳои даври охир дар гурӯҳи «D» тими «Ал-Наср» бо 18 имтиёз садрнишин буда, роҳхати марҳилаи плей-оффро ба даст овард. «Ал-Завраа» бо 9 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифта, роҳхати марҳилаи плей-оффро соҳиб шуд. «Истиқлол» дар зинаи сеюм бо 9 имтиёз мавқеъ гирифт ва бо натиҷаи таносуби тӯбҳо аз гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ ёфта натавонист. «Гоа» бидуни имтиёз дар зинаи охири гурӯҳ мусобиқаро ҷамъбаст намуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий