< Эрон ҳам ҳамла ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро маҳкум кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Эрон ҳам ҳамла ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро маҳкум кард

Эрон ҳам ҳамла ба Тоҷикистон аз хоки Афғонистонро маҳкум кард
​Дар ин ҳамла, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, шаби 26-уми ноябр анҷом шудааст, қароргоҳи коргарони корхонаи маъдантозакунии «Шоҳин СМ» дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳадаф қарор гирифтааст. Дар пайи он, се коргари чинии ширкат ҷон бохтаанд.
Ба гузориши расонаҳои Эрон, Исмоил Бақоӣ имрӯз, 28-уми ноябр, зимни иборизи ҳамдардӣ ба хонаводаҳои ҷонбохтагон, ба ҳукумати Тоҷикистон ва Чин эъломи ҳамбастагӣ кардааст.

Бақоӣ таъкид кардааст, ки барои пешгирии ҳаросафканӣ ва мубориза бо он тақвияти ҳамкориҳои чандҷониба зарур аст.

Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр гуфт, ҳамла ба бошишгоҳи коргарони корхонаи Шоҳин СМ» бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак сурат гирифта, дар пайи он се корманди ҶДММ «Шоҳин СМ», ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд. Радио Озодӣ гузориш дод, ки як шаҳрванди дигари Чин дар ин ҳодиса маҷруҳ шудааст.

ВКХ-и Тоҷикистон ин ҳамларо кори гурӯҳҳои ҳаросафкан хонда, маҳкум кард ва аз мақомоти феълии Афғонистон даъват кард, ки барои таъмини суботу амният дар марз тадбирҳои муассир андешанд.

Пас аз як рӯз ВКХ-и Толибон* ба ин хабар вокуниш кард ва гуфт, ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон «эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст». Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.
Аммо на мақомоти Тоҷикистон ва на Толибон аз ҳеҷ гурӯҳе ном набурданд.

Пештар аз ин, ВКХ-и Покистон ҳам ин ҳамларо «буздилона», «террористӣ» ва «таҳдиди ҷиддӣ» аз хоки Афғонистон хонда, маҳкум кард ва гуфт, истифодаи пайвастаи хоки Афғонистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ боиси нигаронии ҷиддии тамоми минтақа ва ҷаҳон аст.

Сарчашма:asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий