< 9 ҷудокори тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam -2025” иштирок мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

9 ҷудокори тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam -2025” иштирок мекунанд

9 ҷудокори тоҷик дар “Abu Dhabi Grand Slam -2025” иштирок мекунанд
​Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 паҳлавон намояндагӣ мекунанд. Меҳрзод Сӯфиев дар вазни то 60 кг, Абӯбакр Шеров ва Муҳиддин Асадуллоев ҳарду дар вазни то 73 кг, Суннатулло Мӯсоев ва Беҳрӯз Хоҷазода ҳарду дар вазни то 81 кг, Абдулаҳад Маҷидов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ҳарду дар вазни то 90 кг, Сомонӣ Кишваров ва Ҷаҳонгир Маҷидов ҳарду дар вазни то 100 кг дар ин мусобиқаи бонуфуз Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд.

Маблағи умумии ҷоизавии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба варзишгарон барои медали тилло 5 ҳазор евро, медали нуқра 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ 1500 евро ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар феҳристи ҷаҳонӣ соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Ғолибон 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз, ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Сарчашма: varzishtv.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий