< Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад

Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
​Дар ин рӯз тамошобинон имкон доранд аз соати 08:00 то 18:00 ба таври ройгон тамоми толорҳои намоишии осорхонаро тамошо намоянд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ барои меҳмонон дар «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» экскурсияҳои мавзуӣ баргузор карда мешаванд.

Ҳамзамон асарҳои муҳимми марбут ба ҳунари рассомӣ, ки симо ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро инъикос менамоянд, пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд. Аз ҷумла, мусаввараи рассоми чинӣ Сан Чао Танг «Симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», офаридаи рассом Вафо Назаров «Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари НБО-и Норак», офаридаи рассом Беҳзод Боймуродов «Тоҷикистони воҳид», ки симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо дастовардҳои муҳимми роҳу нақлиёт дар замони соҳибистиқлолии мамлакат тасвир намудааст, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий