Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 6 медал ба даст овард
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Эр-Рияди Арабистони Саудӣ 6 медал ба даст оварданд.
Аз ҷумла, дирӯз, 9-уми ноябр ҷудокорони тоҷик дар вазнҳои вазнин медалҳои навбатиро гирифтанд. Дар вазни 100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов медали биринҷиро ба даст овард. Дар вазни +100 кг Темур Раҳимов дар финал аз ҳарифи ӯзбекистониаш мағлуб шуда, медали нуқраро гирифт.
Пештар аз ин дар намуди кураш, Шоҳида Қаландарова (70 кг) ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (81 кг) медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Дар ҷудо Мадина Қурбонзода дар вазни 52 кг медали нуқраро гирифт. Абӯбакр Шеров дар вазни 73 кг медали биринҷиро ба даст овард.
Дар бораи БозиҳоБозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз 7 то 21-уми ноябр дар Риёз баргузор мешаванд. Ҳамагӣ аз Тоҷикистон ба ин мусобиқа 134 нафар шомил шуданд, аз онҳо 69 нафар варзишгаранд, боқимонда мураббиён ва кормандони кумитаҳо, федератсияҳо ва дигар намояндагиҳо мебошанд.
Варзишгарони тоҷик дар 12 намуди варзиш иштирок карданд, аз ҷумла ҷудо, таэквон-до, кураш, вазнабардорӣ, камонандозӣ, тенниси рӯимизӣ, бокс, куштӣ ва намудҳои паралимпӣ.
Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ зери ҳимояти ISSA (Ассотсиатсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ) баргузор мешаванд ва варзишгарони 57 кишварро муттаҳид месозанд.
Барнома 13 намуди олимпӣ, 4 намуди ғайриолимпӣ, 3 намуди паралимпӣ ва 1 намуди варзиши миллиро дар бар мегирад.
Ин бори дуюм аст, ки Арабистони Саудӣ мизбони ин мусобиқот мешавад. 20 сол қабл, соли 2005 дар Макка, Мадина ва Ҷидда Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ баргузор шуда буданд.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)