Озмуни “Беҳтарин ролик дар васфи Пешвои миллат” эълон гардид
Ба навиштаи манбаъ, роликҳое, ки ба озмун пешниҳод мегарданд, бояд фаъолияти пурсамар, талошҳои созанда ва хидматҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, амнияту субот ва рушди устувори ҷомеа инъикос намоянд.
Гуфта мешавад, ки наворҳо бояд бо сифати хуб ва мундариҷаи тарбиявию ватандӯстона пешниҳод гардида, ҳаҷми онҳо то 5 дақиқа бошад.
Манбаъ меафзояд, ки мукофотпулӣ барои ҷойи якум 20 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
Муҳлати қабули наворҳо ба озмун то 14-уми ноябр мебошад.
Сарчашма: dialog.tj

Комментарии (0)