Ҷоми Лигаи Бадахшон насиби дастаи “Рӯшон” гардид
Сабқат байни дастаҳо ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳо баргузор гардида ва имрӯз бозии ниҳоӣ ҷиҳати дарёфт намудани Ҷоми лигаи Бадахшон байни дастаҳои «Хоруғ Сити» ва «Рӯшон» баргузор гардид, ки бо ҳисоби 2 : 1 дастаи ноҳияи Рӯшон ғолиби ин лига гардиданд.
Барои оммавӣ гардондани он имрӯз дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои вилоят майдонҳои калон ва майдончаю толорҳо фаъолият доранд. Федератсияи футболи вилоят, тимҳои мардонаву занона ва лигаи вилоят таъсис ёфта, дар мактабҳои варзишӣ гуруҳҳои бачагонаву духтарона ба тадрису тамрин машғул мебошанд. Гузашта аз ин, дар ояндаи наздик филиали Академияи футболи Тоҷикистон дар вилоят ташкил карда мешавад. Аллакай кор барои бунёди бинои марказу тамрингоҳҳои он оғоз гардид.
Муовини якуми раиси вилоят иброз дошт, ки мо дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми лигаи Бадахшон иштирок дорем. Футболбозони ҳар ду тим аз худ маҳорати баланд нишон дода, бар рақибони лоиқ пирӯз шуда, ба финал баромаданд. Мо аз ҳар ду тим имрӯз ҳунарнамоии волоро интизор ҳастем.
Дар идома, дар фазои тантанавӣ ғолибон ва беҳтарин бозингарону ҳамлагарон ва дарвозабон бо мукофотҳои хотиравӣ қадр гардиданд. Ҳамзамон, дастаи «Помир» ба лигаи ягонаи ҷумҳурӣ роҳхат гирифта бо маблағи 25 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Бояд қайд намуд дар ин лига дастаи «Рӯшон» сазовори ҷойи якум бо маблағи 20000 ва дастаи «Хоруғ Сити» сазовори ҷойи дуюм бо маблағи 10000 сомонӣ қадр карда шуданд.
Сарчашма: varzishtv.tj

Комментарии (0)