< Доварони тоҷик бозиҳои Лигаи чемпионҳои дуюми КФО-2025/26-ро ҳакамӣ мекунанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Доварони тоҷик бозиҳои Лигаи чемпионҳои дуюми КФО-2025/26-ро ҳакамӣ мекунанд

Доварони тоҷик бозиҳои Лигаи чемпионҳои дуюми КФО-2025/26-ро ҳакамӣ мекунанд
​Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва дастаи ӯ бозии гурӯҳи «B» байни «Аркадаг» (Туркманистон) ва «Ал-Аҳли» (Қатар)-ро доварӣ мекунанд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов дар хатҳо кӯмак мерасонанд.

Довари ФИФА Абдулло Давлатов ҳамчун довари чорум таъйин шудааст. Бозӣ 5 ноябр дар шаҳри Аркадаги Туркманистон баргузор мешавад.
Дастаи дигари доварон аз Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари ФИФА Насрулло Кабиров вохӯрии гурӯҳи «H"-и Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2025/26 байни «Пхоҳан Стилерс» (Кореяи Ҷанубӣ) ва «Тампинес Роверс» (Сингапур)-ро, ки 6 ноябр дар Пхоҳанги Кореяи Ҷанубӣ сурат мегирад, доварӣ хоҳанд кард.

Ба Кабиров Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод ёварӣ мекунанд. Довари ФИФА Медербек Тайчиев аз Қирғизистон ҳамчун довари чорум фаъолият менамояд.
​

Комментарии (0)

Оставить комментарий