Дар марзи Узбекистону Тоҷикистон пули зиёдеро мусодира кардаанд
Дафтари матбуоти ин идора дар як навори видеоӣ дар Телеграм дар рӯзи 26-уми октябр гуфтааст, ки кормандони амниятӣ ва гумрук дар гузаргоҳи марзии «Фарҳод» воқеъ дар ноҳияи Бекободи Узбекистон ва ноҳияи Спитамени Тоҷикистон дар умум аз қочоқи 5.2 миллиард соми узбекӣ пешгирӣ кардаанд.
Дар ин видео гуфта мешавад, ки як шаҳрванди Узбекистон бештар аз 13 миллион рубли русӣ, 24 000 сомонӣ, бештар аз 10 миллион соми узбекӣ ва бақия доллару евро ва юан ва соми қирғизиро ба 34 нафар тақсим кардааст, то ба Тоҷикистон гузаронанд ва сипас аз онҳо ҷамъ карда бигирад.
Мақомоти амниятии Узбекистон гуфтаанд, ки тафтишот барои маълум кардани соҳибони аслии пули зиёд идома дорад ва ба зидди ташкилкунандаи қочоқ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Замони талош барои қочоқи пули зиёд ба Тоҷикистонро нагуфтаанд.
Байни ду кишвар, ки шаҳрвандонашон ҳақи сафари бераводид барои як моҳро доранд, тиҷорат бисёр зиёд аст ва дар гузашта ҳам талош барои қочоқи пул ва асъори хориҷӣ дар марз дида шудааст.
Сарчашма: ozodi.org

Комментарии (0)