< “Хонаву мошин харидам ва дар фикри бозгашт нестам”. Саркоргардони пешини театри Камоли Хуҷандӣ ҳамоно дар муҳоҷират аст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“Хонаву мошин харидам ва дар фикри бозгашт нестам”. Саркоргардони пешини театри Камоли Хуҷандӣ ҳамоно дар муҳоҷират аст

“Хонаву мошин харидам ва дар фикри бозгашт нестам”. Саркоргардони пешини театри Камоли Хуҷандӣ ҳамоно дар муҳоҷират аст
Сӯҳроб Шехов, саркоргардони ҳамакнун пешини Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки соли гузашта аз бехонагӣ ва беқадрии ҳунарманд шикоят карда, тарки театр ва Тоҷикистон карда буд, бо гузашти як сол таъкид мекунад, ки ҳоло соҳиби хонаву мошин шудааст ва дар сар фикри бозгашт ба кор дар театрро надорад. Бо вуҷуди он ки вазифаи ӯ то ҳол холӣ аст,  масъулин мегӯянд, мушкили норасоии коргар надоранд.

Ин коргардон баъди 14 соли фаъолияти эҷодӣ, ки 7 соли он дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ сипарӣ гардида буд, тарки пеша кард ва барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт. Ӯ сабаби тарки театр карданро надоштани манзили истиқоматӣ ва мушкили молӣ унвон карда буд.

Баъди як сол Сӯҳроб Шехов мегӯяд, ҳоло бо аҳли оилааш дар Русия аст ва онҷо кору зиндагӣ мекунад.

»Худоро шукр, давоми як соли кор дар Русия, соҳиби хона ҳам шудам ва мошин ҳам харидам. Орзуе, ки давоми 14 соли кор дар театр доштам, амалӣ гашт», — мегӯяд Шехов.
Ӯ мегӯяд, баъди нашри гузориши «Азия-Плюс» ва давоми як соле, ки дар муҳоҷирати корӣ буд, як масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва масъули раёсати фарҳанги вилояти Суғд (коргардон нахост аз ин масъулин ном барад) бо ӯ тамос гирифта, пурсидаанд, ки «воқеан ба муҳоҷират рафтааст», вале мушаххасу ҷиддан барои кор даъват накардаанд.

»Як даъвати холӣ буд. Бидуни шароити мушаххас ва беҳтар. Ман 14 сол дар театр бо тамоми ҳастӣ кор кардам, бо 3 фарзанд иҷоранишин будам, ба маоши кам илоҷе карда тоқат кардам. Борҳо гуфтам, як хонаи хидматӣ диҳанд, вале ваъда донданду тамом», — зикр мекунад Шехов. 
»Норасоии корманд эҳсос намешавад, аммо набуди саркоргардон муаммо аст"Соли гузашта, вақте коргардон аз тасмими тарки пеша карда ба муҳоҷират рафтанаш эълон кард, масъулини фарҳанги вилояти Суғд талош карданд ин «эътирозу шикоят"-и коргардонро бо баҳонаи «ба рухсатӣ рафтааст» пинҳон кунанд. Ҳоло мегӯянд, набудани саркоргардон «муаммо аст».

Бахтиёр Қосимов, сардори раёсати фарҳанги вилояти Суғд зимни нишасти матбуотии ахир дар аввали моҳи августи соли ҷорӣ гуфт, «дар театрҳои вилоят норасоии ҳунарманд мушоҳида намешавад, аммо набудани саркоргардон дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ «каме муаммо аст».

»Аз мушкили иҷоранишинии Сӯҳроб Шехов бохабарам. Ӯ ба ман ва ҳукумати вилоят муроҷиат карда буд. Ба ӯ фаҳмондам, ки бузургон аз сабр ба бузургӣ расидаанд. Ягон соли дигар сабр кун, шояд навбати ту ҳам расад, зеро бо дастгирии раиси вилоят ҳар сол ба кормандони соҳаи фарҳанг хонаи хидматӣ медиҳанд. Аммо Сӯҳроб сабр накарду рафт», — гуфт Қосимов.Эҳсон Ҳомидов, директори Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, рӯзи 29-уми август зимни як тамоси телефонӣ гуфт, ки дар театр 161 воҳиди корӣ ҳаст ва ҳоло 154 нафар кор мекунанд.

»Баъди рафтани Шехов ман, ки худам коргардон ҳастам, кори театрро пеш мебарам. Инчунин Умар Алиев ва Сайрам Исоева ҳастанд, ки бо онҳо ҳамкорӣ карда, айни ҳол намоишномаи  «Қарзи виҷдон"-ро ба намоиш гузошта истодаем», — зикр кард Ҳомидов.
Бояд гуфт, Сӯҳроб Шехов хатмкардаи Академияи фарҳанг ва санъати Русия аст ва 14 сол дар театрҳои Тоҷикистон кор кардааст. 7 сол дар Театри русии драма ва мазҳакаи ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бӯстон ва 7 сол дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси коргардон ва саркоргардон кор кардааст.
Соли гузашта, вақте тарки Тоҷикистон мекард, ӯ гуфт, «ду  кӯдаки ман хурд буданд имкони дар иҷора зистан буд, аммо ҳоло калон шуданд, нархҳо ва иҷорапулӣ боло рафт, аз тарафи ҳукумат дастгирӣ нест, шароити зист вазнинтар шуд. Аз ин лиҳоз, ба хулосае омадам, ки бояд ба муҳоҷират равам».
Ҳамакнун, бо гузашти як сол, ӯ таъкид мекунад, ки «ҳоло дар фикри бозгашт ба кори театр нест».

Сарчашма:  asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий