Бозгашт ба Тоҷикистон тариқи Ӯзбекистону Қирғизистон арзонтар аст
Бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон аз масирҳои Ӯзбекистону Қирғизистон хароҷоти камтари маблағ дорад
Дар ҳоле ки чиптаи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе ҳудуди 395 евроро ташкил медиҳад, бозгашт ба Тоҷикистон тариқи шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон арзонтар аст, хабар додаст сомонаи Парстудей.
Манбаъ афзуд, қимати билет аз шаҳрҳои Русия ба Самарқанд 25 ҳазор рубли русӣ аст ва тоҷикҳо ҳазор то ҳазору 500 рубли дигарро барои ронандагони таксиҳо то марзи Тоҷикистон пардохт мекунанд.
“Ҳамчунин тоҷикҳои дорои тобеияти Русия, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ба Қирғизистон меоянд, аз шаҳри Уши ин кишвар то Хуҷанди Тоҷикистон барои хадамоти таксӣ 150 то 200 сомонӣ пардохт мекунанд”, - омадааст дар матлаб.
Манбаъ афзудааст, ки парвоз ба шаҳрҳои Ӯзбекистону Қирғизистон барои бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия 8 то 15 ҳазор рубл арзонтар тамом мешавад.
Қаблан далели гарон будани нархи чиптаҳоро масъулини ширкати тоҷикистонӣ ба пур кардани танҳо 60 дарсади сандалиҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши Ковид 19, гаронии сӯхт ва ҳазинаҳои ҷонибӣ ба манзури хариди маводи зиддиуфунӣ унвон мекунанд
Комментарии (0)