Боздошти сокини Петербург барои қатли муҳоҷири тоҷик: ҷавони 22 - соларо буғӣ карда кушт

Дар Санкт - Петербурги Русия як марди 48 - сола ба гумони қатли муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон боздошт шуд
Муҳоҷири 22 - сола аз Тоҷикистон дар шаҳри Санкт - Петербург кушта шуд, хабар медиҳад нашрияи Петербург. ру.
Ба иттилои манбаъ, хабари кушта шудани муҳоҷирро ба мақомоти пулис марди 45 - сола расонд. Гуфта мешавад муҳоҷири тоҷик дар хонаи ин мард ба ҳайси иҷоранишин зидагӣ мекард.
Манбаъ меафзояд, ҷавони 22 - соларо нахуст кӯфтанд ва сипас аз роҳи буғӣ кардан ба қатл расонданд.
Зимнан, кормандони пулис ба гумони қатли муҳоҷири ҷавон, соҳибхона, марди 45 - сола, ки бекор аст, боздошт намуданд.
Феълан алайҳи боздоштшуда протокол тартиб дода шуда ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.
Зикр мегардад, ки тафтишот дар ин самт идома дорад.
Комментарии (0)