"Сомон Эйр" парвозҳоро самти Олмон, Ҳиндустон ва Аморати Араб мутаваққиф кард

Ширкати ҳавонавардии ватании "Сомон Эйр" самти се кишвар барои муддати номуайян парвозҳоро қатъ намудааст
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба далели камчинии мусофирон аз парвозҳо самти Олмон, Ҳиндустон ва Аморати Араб худдорӣ намудааст.
Дар ин бора хабаргузории РИА Новости бо истинод ба котиботи ширкати мазкур иттилоъ додааст.
Бар хабари манбаъ, алъон ҳавопаймои "Сомон - Эйр" ба се кишвар, аз қабили Олмон, Ҳиндустон ва Аморати Араб парвоз намекунад. Котиботи ин ширкати омили худдорӣ аз парвоз ба ин се кишварро ба кам будани шумораи мусофирон рабт додааст.
Қатъи парвози "Сомон - Эйр" ба се кишвар дар ҳолест, ки қаблан роҳбарияти ширкат ба далели хуруҷи маризии коронавирус, парвозҳо самти Афғонистону Эрон ва Чинро мамнӯъ карда буд.
Қобили зикр аст, ки феълан мусофироне, ки аз кишварҳои Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Эрон ва Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд, билфосила ба карантин фаро гирифта мешаванд.
Комментарии (0)