Русия гирифтани шаҳрвандиро барои собиқ донишҷӯёни хориҷ осон мекунад

Имтиёз ба он донишҷӯёне дода мешавад, ки дар донишгоҳҳои Русия дар бахши рӯзона таҳсил намуда ва пас аз хатми донишгоӯ на камтар аз се сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд
Вазорати умури дохилии Русия ба таҳияи қонуне шурӯъ намудаст, ки ба хатмкунандагони хориҷи дар донишгоҳҳои Русия таҳсил намуда, имкон медиҳад, ки шаҳрвандиро бо тартиби содда дарёфт кунанд, иттилоъ додааст намояндаи расмии департаменти ин кишвар Ирина Волк.
Ба изҳори Ирина Волк, тибқи қавонини нав, шаҳрвандии Русияро собиқ донишҷӯёне, ки дар қаламрави кишвар ҷойи иқомат доранд ва ҳамзамон на камтар аз се сол дар Русия таҷрибаи корӣ доранд, метавонанд дарёфт намоянд.
"Лоиҳаи нави қонун барои гирифтани шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар муассисаҳои олии Русия таҳсил намуда онро бо дипломи аъло хатм кардаанд, имтиёзҳои иловагиро фароҳам овардааст",- илова намудаст Волк.
Ҳамин тавр, шаҳрвандиро метавонанд собиқ донишҷӯёне, ки дар қаламрави Русия ба сар мебаранд ва дар ҳудуди ин кишвар маълумоти олӣ гирифтаанд, соҳиб шаванд.
Ба ҳамин роҳ ҳукумати Русия мехоҳанд ба донишҷӯёни хориҷӣ пешниҳод кунанд, ки шаҳрвандии Русияро бо тартиби содда ба даст оранд.
Акнун дар сурати мавҷуд будани тамоми шартҳои қавонини нав, хориҷиёни дорои маълумоти олии Русия метавонанд давоми як сол ба гирифтани шаҳрвандии ин давлат ноил шаванд.
Комментарии (0)