< Рекорди UFC-ро нав кард. Ислом Махачев Иэн Гэрриро шикаст дод ва камарбанди қаҳрамониашро ҳимоя намуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рекорди UFC-ро нав кард. Ислом Махачев Иэн Гэрриро шикаст дод ва камарбанди қаҳрамониашро ҳимоя намуд

Рекорди UFC-ро нав кард. Ислом Махачев Иэн Гэрриро шикаст дод ва камарбанди қаҳрамониашро ҳимоя намуд
​Рақобати Ислом Махачев ва Иэн Гэрри панҷ раунд давом ёфта, бо қарори якдилонаи доварон варзишгари доғистонӣ ғолиб омад ва бори нахуст камарбанди чемпиониро дар вазни ниммиёна ҳикоя намуд.

Ин ғалаба барои чемпиони вазни ниммиёнаи UFC Ислом Махачев аҳамияти махсус дорад, зеро ӯ дар таърихи UFC рекорди нав гузошт. То мусобиқаи UFC 330 Андерсон Силва 16 ғалабаи пайдарпай дошт, аммо Ислом Махачев ин рекордро нав кард ва шумораи ғалабаҳои давомдорашро ба 17 расонид.

«Рақобати мушкил буд. Иэн Гэрри хеле хуб омода шуда буд. Медонистам, ки мушкил мешавад, вале то ин андоза интизор набудам. Пеш аз ҳама ба худам исбот кардам, ки аз сонияҳои аввал то охирин лаҳза мубориза мебарам ва бо чӣ қиммате бошад, ғалаба мекунам», — гуфт чемпион.

Ислом Махачев пас аз муҳориба гуфт, ки ҷароҳат набардоштааст ва ният дорад, ки ё охири декабри соли равон ва ё аввали январи соли оянда ба майдон баромад.

Ҳамчунин, чемпиони вазни ниммиёна иброз дошт, ки ҳоло ду довталаби асосӣ Карлос Пратес ва Майкл Моралес аст ва омодааст, ки бо онҳо муҳориба гузаронад.


Сарчашма: dialog.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий