< РУХШОНАИ ЭМОМАЛӢ КУРТАИ ЧАКАН ДАР ТАН ХУДРО БА МАЛИКА ЕЛИЗАВЕТА МУАРРИФӢ КАРД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

РУХШОНАИ ЭМОМАЛӢ КУРТАИ ЧАКАН ДАР ТАН ХУДРО БА МАЛИКА ЕЛИЗАВЕТА МУАРРИФӢ КАРД

РУХШОНАИ ЭМОМАЛӢ КУРТАИ ЧАКАН ДАР ТАН ХУДРО БА МАЛИКА ЕЛИЗАВЕТА МУАРРИФӢ КАРД
 15 марти соли 2022 сафаири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Рухшона Эмомалӣ эътимодномаи худро ба Маликаи Британия Елизаветаи II супорид. Ин маросим ба далели дар поёни моҳи феврал ба коронавирус сироят шудани маликаи 96-солаи Британия ба сурати онлайн доир шудааст. Дар акси нашркардаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон  дида мешавад, ки Рухшонаи Эмомалӣ куртаи чакани тоҷикӣ дар тан худро ба малика Елизаветаи дуюм муаррифӣ мекунад. Дар акс ҳамчунин шавҳари Рухшонаи Эмомалӣ Шамсулло Соҳибов низ дида мешавад, ки дар ин маросим дар канори ҳамсараш ҳузур дорад.
“Сафири Тоҷикистон таманниёти неки Президент Эмомалӣ Раҳмонро ба Улёҳазрат Елизаветаи II ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни ду кишвари дӯст ва 70-умин солгарди ба тахт нишастани Малика расонид. Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд.”

Комментарии (0)

Оставить комментарий