< ҲАЛОКАТИ ЯК ЗОДАИ ВОРУХ ДАР ҶАНГҲОИ УКРАИНА (ВИДЕО) » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ҲАЛОКАТИ ЯК ЗОДАИ ВОРУХ ДАР ҶАНГҲОИ УКРАИНА (ВИДЕО)

ҲАЛОКАТИ ЯК ЗОДАИ ВОРУХ ДАР ҶАНГҲОИ УКРАИНА (ВИДЕО)
Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ҷангҳои Украина боз як ҷавони зодаи Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. То имрӯз дар бораи марги алакай чор тоҷик дар Украина хабарҳо ба даст расидаанд.
Бино ба иттилои манобеи пойгоҳи хабарии “Ҳамсинф” дар ҷамъияти муҳоҷирони зодаи Исфара дар Русия, ба волидони Р.П., зодаи ҷамоати Ворух, хабар додаанд, ки фарзандашон “ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ” ҷон бохтааст. Ромиш Пӯлодов, ки шаҳрвандии Русияро дошт,  8 моҳ пеш ба хидмати ҳарбӣ ба артиши ин кишвар даъват шуда, дар як дивизияи танкӣ хидмат мекард. Қисми ҳарбии онҳоро рӯзи 24 феврал, билофосила баъди оғози “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ба Украина  партофта буданд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Р.П. 28 июли соли 2001 ба дунё омада, соли 2020 мактаби миёнаи №18 дар шаҳри Донскойи вилояти Тулаи Русияро хатм карда, ҳамон сол ба ду риштаи Донишгоҳи давлатии Тула:  риштаи шабакаҳои иттилоотӣ ва технологияҳо ва риштаи биология ҳуҷҷат супурдааст. Сомонаи “Абитуриент.Ру” хабар медиҳад, ки ба сабаби нарасидани холҳои дар ЕГЕ (имтиҳони ягонаи давлатӣ) бадастовардааш Р.П. натавонистаст ба   риштаи шабакаҳои иттилоотӣ ва технологияҳо дохил шавад. Вале дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Тула гуфта мешавад, ки Р.П.-ро ба риштаи биология қабул кардаанд.
Дар бораи инки оё Р.П. дар ин риштаи донишгоҳ таҳсил кард ё на, ва чӣ гуна ӯро ба хидмати ҳарбӣ бурданд, маълумоте то ин соат ба даст наомадааст.
Р.П. дар шабакаҳои иҷтимоии гуногун чанд саҳифа дошт, вале танҳо як акси давраи наврасӣ ва ду акси давраи кӯдакиашро нашр кардаасту халос. Дар саҳифааш дар шабакаи “ВКонтакте” ӯ акси футболбози машҳури бразилӣ Неймарро гузоштааст ва дар сомонаҳои варзишӣ, аз ҷумла Спортс.Ру, низ  профили худро дошт, ки баёнгари алоқаи вижаи ӯ ба футбол аст.
Р.П. дар саҳифааш дар ВКонтакте ин суханонро ҳамчун шиори зиндагии худ гузоштааст: Родители святое. Без них мы не проживём. Уважайте и слушайте их! (Падару модар муқаддасанд. Бе онҳо мо зиндагӣ карда наметавонем. Падару модарро эҳтиром кунед ва ба ҳарфи онҳо гӯш диҳед!)
Хабари марги Р.П. дар ҷанги Украина расман тасдиқ ва нашр нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар бораи кушта шудани ду зодаи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар  ҷанги Украина  ва марги як тифли навзоди тоҷик дар ин кишвари ҷангзада хабарҳо ба даст расид.
Амир ном тифли навзодро, ки ҳамагӣ 40 рӯз пеш дар Харков ба дунё омада буд, рӯзи 4 март дар Лвов ба хок супурданд. Бино ба хабарҳо, падару модари ӯ аз бомбборон ду шабонарӯзро дар таҳхона ба сар бурдаанд, вале тифлашон дар таҳхона гирифтори пневмония шуда, баъди аз Харков ба Лвов паноҳ бурдани ин хонавода ҷон бохтааст.
Ҳамчунин Саидбурҳон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Дарвоз,  рӯзи 4 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҷамшед Худоиев ва Шуҳрат Абдуллоев, ду зодаи ин ноҳия дар Украина кушта шудаанд.  Онҳо ҳарду шаҳрванди Русия будаанд.
Раиси ноҳияи Дарвоз мегӯяд, хабар ёфтаанд, ки яке аз фавтидагон ронандаи тонк будааст ва “гӯё дар даруни тонк сӯхтааст, ҷасадашро ҳам наёфтанд”.  Сурайё Шоева, раиси ҷамоати Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз, гуфт, синни Ҷамшед Худоиев ва Шӯҳрат Абдуллоев аз 40 боло аст ва онҳо 10-12 сол пеш ҳамроҳи оилаашон ба Русия кӯчида буданд.
Як манбаи дигар ба Радиои Озодӣ гуфт, Шӯҳрат Абдуллоев чанд рӯз пеш бо ҳамсараш телефонӣ гап зада, гуфтааст, дар ҷангале дар муҳосира мебошанд.
Дар бораи марги ин зодагони Тоҷикистон маълумоти бештар дар даст нест ва мақомоти Русия дар ин бора маълумоти расмӣ пешниҳод накардаанд. Ин ҳам ҳанӯз маълум нест, ки онҳо ба Тоҷикистон оварда мешаванд ё дар Русия дафн карда мешаванд?
Аммо Амири ғӯррамаргро дар Лвов ба хок супурданд.
 Мақомоти Русия рӯзи 2 март гуфт, ки 498 тан аз нирӯҳояш дар ҷанги Украина кушта шуданд. Ҷониби Украина талафоти артиши Русияро ҳудуди 10 ҳазор нафар эълон кардааст.
Хабари марги нахустин тоҷикҳт дар Украина длар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, бо оғози ҳамлаи Русия ба Украина, мақомоти рус афсарони эҳтиётӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро ба артиш даъват карда истодаанд. Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Фейсбук навишт, чанд рӯз боз тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро доранд, аз даъват шуданашон ба комиссариатҳои ҳарбӣ хабар медиҳанд ва машварат мепурсанд, ки дар ин шароит чӣ кор кунанд?

Комментарии (0)

Оставить комментарий