ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?
— Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират хабар доданд, муоинаи тиббӣ барои муайян намудани мавҷудияти бемориҳои сироятии барои ҷомеа хавфнок, сирояти ВНМО ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Русия гузаронида мешавад.
Натиҷаи муоина дар шакли хулосаи тиббӣ, аз ҷумла электронӣ ба низоми ягонаи иттилоотии Вазорати тандурустии Русия ворид карда мешавад. Дар ҳолати ошкор гардидани бемориҳои хавфнок ё истеъмоли моддаҳои мамнуъ муассисаи тиббӣ дар муҳлати 24 соат мақомоти дахлдори Русияро огоҳ менамояд.
Аз ин рӯ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Русия сафар менамоянд, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи қонунгузории муҳоҷиратии ин давлатро риоя намоянд ва дар муҳлати муқарраргардида аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Барои саркашӣ ё рад намудани муоинаи тиббӣ чораҳои зерин пешбинӣ шудаанд:
— ихтисори муҳлати будубош дар Федератсияи Русия;
— ҷарима ба маблағи 25–50 ҳазор рубл бо эҳтимоли ихроҷи маъмурӣ;
— дар ҳолати сари вақт напардохтани ҷарима — ҷарима ба андозаи дукарата ва ихроҷи ҳатмӣ.
Инчунин барои тайёр намудан ва ба муомилот баровардани маълумотномаҳои қалбакӣ оид ба набудани бемориҳои хавфнок ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳолати пайдо шудани саволҳо оид ба масъалаҳои муҳоҷират ва гирифтани машварати ҳуқуқӣ шаҳрвандон метавонанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муроҷиат намоянд.
Ҳавзаи федералии Марказӣ, шаҳри Москва, кӯчаи Чаянова, 3/40, +7 929 540-88-88, +7 988 676-00-00, +7 967 271-02-02, +7 920 941-60-60, +7 966 031-22-22, +7 936 174-19-92, +7 926 586-03-00, +7 977 370-77-44, шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» ва Телеграмм: +7 (999) 912-58-68; Реҷаи корӣ аз 9:00 то 18:00.
–ҳавзаи федералии Приволжие, шаҳри Қазон: +7 (926) 311-52-53;
–ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, шаҳри Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;
–ҳавзаи федералии Сибир, шаҳри Новосибирск: +7 901 344-77-77;
–ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, шаҳри Астрахан: +7 (929) 388-54-11;
–ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург: +7 (999) 341-45-99;
–роҳбари Ҷамъият дар минтақаи Шарқи Дур, шаҳри Хабаровск: +7 (909) 809 55 48;
–роҳбари Ташкилоти ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Саха: +7 924 463-55-19 ва почтаи электронии Намояндагӣ prmstj@mail.ru
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)