Казакова роҳҳои осони гирифтани шаҳрвандии Русияро нишон дод
Сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова дар бораи содагардонии низоми гирифтани шаҳрвандии Русия гуфт
Сар аз 5 май дар Русия қонуне мавриди амал қарор хоҳаж гирифт, ки мувофиқи он муҳоҷирон метавонанд патентро бидуни убури марзи кишвар тамдид кунанд, гуфт сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова.
"Яъне, ҳуҷҷатро бидуни убури марзи Русия мешавад чанд маротиба тамдид кард. Ғайр аз он, тартиби гирифтани шаҳрвандӣ барои категорияҳои мухталифи шаҳрвандони хориҷӣ сода карда шудааст. Масалан зодагони Қазоқистон, Молдова, Белорус ва Украина имкон доранд, пас аз гирифтани иҷозат барои истиқомат бо тартиби сода шаҳрвандӣ ба даст оранд", - гуфт Казакова.
Казакова афзуд, ки дар ҳоли ҳозир дархост барои гирифтани шаҳрвандӣ ҳамагӣ се моҳ баррасӣ мешавад.
Дар баробари ин тағйирот дар қавонин ба шаҳрвандии хориҷиён низ рабт дорад.
"Пештар шаҳрвандони хориҷӣ бояд барои гирифтани шаҳрвандии Русия аризаи даст кашидан аз шаҳрвандии худро дастрас мекарданд. Ин яке аз шартҳои гирифтани шаҳрвандӣ буд. Дар ҳоли ҳозир ин шарт содда гардонида шуд ва шаҳрванд ҳуқуқ дорад, шаҳрванди худро ҳивз кунад ва соҳиби шаҳрвандии Русия гардад", - таъкид кард Казакова.
Комментарии (0)